Роҳбари Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер ба толибон шарт гузошт
ДУШАНБЕ, 31.08.21021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаракати «Толибон»*, ки дар Афғонистон сари қудрат аст, бояд ҳукумати фарогир таъсис дода, инчунин озодӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандони мамлакатро таъмин кунад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора дар суҳбат бо Foreign Policy роҳбари Ҷабҳаи муқовимат дар музофоти ПанҷшерАҳмад Масъуд изҳори назар намудааст. Вай гуфт, ки зимни иҷрои ин шарт аз ҷониби радикалҳо ҷангро бас карда, аз сиёсат канор меравад.
«Агар толибон ният дошта бошанд, ки ҳукуматро бо ҳама тақсим кунанд ва адолатро барқарор намоянд, баробарҳуқуқӣ ва озодиро ба ҳама дар Афғонистон манзур намоянд, он вақт ман қафо гашта, аз сиёсат канор меравам», — зикр намуд Масъуд.
Ба гуфти роҳбари Ҷабҳаи муқовимат, дигар роҳҳои ба мувофиқа овардани муноқиша миёни неруҳои собиқи давлатӣ ва «Толибон» қобили қабул нестанд.
Масъуд зикр намуд, ки аз хориҷа ягон дастгирии молиявӣ надорад, вале бисёр давлатҳои минтақа ҷонибдори размандагонанд.
Панҷшер — музофоти ягонаи Афғонистон аст, ки толибон онро зери назорат надоранд. Ин минтақа макони ҷамъшавии собиқ неруҳои ҳукуматӣ гардидааст.
Ҷангиён кӯшиш намуданд, ки масъалаи таслими Панҷшерро чӣ бо роҳи дипломатӣ ва чӣ бо роҳи ҳуҷум ҳал намоянд. Қаблан онҳо ба яке аз гузаргоҳҳои аввалин ҳуҷум карданд, вале неруҳои ҷабҳа тавонистанд ҳуҷумро гардонанд.
Толибон ҳамчунин ба ширкатҳои амалкунандаи иртиботии телевизионии Афғонистон фишор оварданд, то онҳо корро дар ҳудуди Панҷшер қатъ кунанд. Ҳамин тариқ, минтақа бе интернет ва алоқаи мобилӣ монд.
АКСҲО: TAСС/AP/ АМИТ «Ховар»









Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад






