Рустам Назарзода бо Консули Сафорати Исроил дар Узбекистон вазъи сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистонро баррасӣ кард

Август 27, 2021 14:23

ДУШАНБЕ, 27.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкории дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи пайомадҳои ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ 26 август дар Душанбе зимни мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода бо ҷонишини ҳайат ва Консули Сафорати Исроил дар Ҷумҳурии Узбекистон Идан Давид баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад  АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи мазкур.

Дар мулоқот ҳамчунин ба масъалаҳои иқдомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ дар пешгирӣ аз сирояти уфунии коронавирус ва вазъ дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон дахл карда шуд.

Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва татбиқи тарҳҳои муштарак миёни идораҳои наҷоти ду кишвар дар вокуниш ба офатҳо, ҳамчунин омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисони наҷотбахш ва расонидани ёрии техникиро низ баррасӣ намуданд.

АКС: КҲФ ва МГ

Август 27, 2021 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид