Сергей Лавров: Афғонистон дар нишастҳои СААД ва СҲШ дар Душанбе ба мавзӯи «доғи рӯз» табдил хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 25.08.2021/АМИТ «Ховар»/. Вазъият дар Афғонистон мавзӯи асосии нишастҳои қарибулвуқӯи СААД ва СҲШ дар миёнаҳои моҳи сентябр дар Душанбе хоҳад шуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии русии Sputnik хабар медиҳад, дар ин бора вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дирӯз, 24 август зимни нишасти матбуотӣ дар Маҷористон хабар дод.
«Маълум аст, ки мавзӯи Афғонистон ва оқибатҳое, ки ҳоло ҳамсояҳо ва кишварҳои дигар дар натиҷаи амалҳои Амрико аз сар мегузаронанду бо ҳеҷ кас ҳамоҳанг нашудаанд, дар маркази таваҷҷуҳ қарор хоҳанд гирифт», -гуфт Лавров.
Вазири корҳои хориҷии Русия ҳамчунин гуфт, ки Русия омода аст дар барномаи Шӯрои Амнияти СММ вазъ дар Афғонистонро баррасӣ кунад. Лавров афзуд, ки Русия кори Шӯрои Амниятро манъ карданӣ нест.
«Дар Ню -Йорк онҳо пешниҳод мекунанд, ки ҷаласаи пурраи Шӯрои амният даъват карда шавад, яъне бо аъзои ғайридоимӣ, мо низ ба ин омодаем. Муҳим он аст, ки гуфтугӯҳо дар ин гуна шаклҳо набояд ба кӯшиши таблиғи ин ё он амали онҳо бахшида шавад, балки ба фаҳмидани воқеият дар рӯи замин равона гарданд»-иброз дошт ӯ.
Вазир зикр кард, ки ҳама баҳсҳо бояд ба таҳияи равишҳое равона карда шаванд, ки ба дастёбӣ ба созишҳо миёни «Толибон» ва боқимондаи неруҳои сиёсии Афғонистон мусоидат кунанд.
Ёдовар мешавем, ки нишастҳои СААД ва СҲШ таҳти раёсати Тоҷикистон 16-17 сентябри соли 2021 дар Душанбе баргузор мешаванд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Палатаи ҳисоб оид ба экстремизму терроризм ва роҳҳои пешгирии он машғулияти омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






