Тақрибан 100 низомии Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии артишии «АрМИ-2021» иштирок мекунанд

Август 20, 2021 11:07

ДУШАНБЕ, 20.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан сад нафар низомиёни Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии артишии  «АрМИ-2021» ширкат хоҳанд кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, полковник Фаридун Маҳмадализода хабар дод.

Ба гуфтаи  намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Тоҷикистон дар панҷ мусобиқаи «АрМИ-2021» ширкат хоҳанд кард.

Танкчиёни тоҷик дар мусобиқаи  «Биатлони танкӣ», ки дар машқгоҳи Алабино дар наздикии Москва баргузор мешавад, ширкат мекунанд.

Снайперҳои тоҷик барои унвони беҳтарин дар Беларус рақобат хоҳанд кард, онҳо инчунин барои ширкат дар озмуни артиллериячиён  ба Қазоқистон мераванд. Мусобиқаи духтурони низомӣ ва озмуни “Ошхонаи саҳроӣ” дар Ҷумҳурии Узбекистони ҳамсоя баргузор мешаванд ва дар он намояндагони Тоҷикистон низ иштирок хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем, ки соли 2021 Бозиҳои VII байналмилалии артишии  «АрМИ-2021» аз 22 август то 4 сентябр баргузор мешаванд.

Вазорати мудофиаи Русия 96 кишварро барои ширкат дар Бозиҳои 2021 даъват кардааст. 277 даста аз зиёда аз 40 кишвар хоҳиши иштирок карданро иброз доштанд.

Дар соли 2021  11 кишвар «AрМИ-2021»-ро дар якҷоягӣ бо Федератсияи Русия баргузор мекунанд. Дар ҳудуди онҳо 21 мусобиқа баргузор мегарданд. 

 АКС аз Вазорати мудофиаи ҶТ

Август 20, 2021 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид