ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, ҷумъа, 225-умин рӯзи соли 2021 аст

Август 13, 2021 08:00

13 августи соли 2013 бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгоҳи нави 220-киловолтаи тақсимоти барқ, ки бо навтарин технологияи аврупоӣ бунёд ёфта буд, ба кор дароварда шуд.

***

8 сол пеш, 13 августи соли 2013 дар маркази шаҳри Норак Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакону наврасон, ки аз падар ва модар ятим мондаанд, кумаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 масоили тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд.

13 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Тунис – Рӯзи занон.

***

Дар  Замбия – Рӯзи ҷавонӣ.

РӮЙДОДҲО:

13 августи соли 1937 Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъсис ёфт.

 ***

13 августи соли 2010 дар шаҳри Душанбе дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

153 сол муқаддам, 13 августи соли 1868 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар сарҳади ду давлат Эквадор ва Перу зиёда аз 25 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, дар ин кишварҳо 300 миллион доллари америкоӣ хисорот ба қайд гирифта шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1932 дар Рим аввалин санҷиши пахши кӯтоҳи мавҷи радио гузаронида шуд.

***

13 августи соли 1941 дар Канада Корпуси ҳарбии занона таъсис ёфт.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1907 дар Ню-Йорк аввалин такси ба кор оғоз намуд.

 ***

Соли 1928 дар Москва аввалин ҷашнвораи варзишии умумииттифоқӣ баргузор гардид.

Август 13, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 апрел, ҷумъа, 117-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 апрел, панҷшанбе, 116-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 апрел, чоршанбе, 115-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 апрел, душанбе, 113-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 апрел, якшанбе, 112-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 апрел, шанбе, 111- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 апрел, ҷумъа, 110- умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 апрел, панҷшанбе, 109-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 апрел, чоршанбе, 108-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 апрел, сешанбе, 107-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 апрел, душанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 апрел, якшанбе, 105-умин рӯзи соли 2024 аст