Тоҷикистонро дар Паралимпиада-2020 як варзишгар намояндагӣ мекунад

Август 19, 2021 08:27

ДУШАНБЕ, 19.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 август то 5 сентябр дар шаҳри Токиои Ҷопон 16-ум Бозиҳои Паралимпиада баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олмпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ як варзишгар – Акмал Қодиров дар варзиши сабук, равияи гулулапартоӣ муаррифӣ мекунад. Ҳамроҳи Акмал мураббиаш Зокирҷон Комилов ва роҳбари ҳайат Сиёвуш Илёсов ба Токио сафар мекунанд», — гуфта мешавад дар хабари КМО Тоҷикистон.

Ба барномаи Бозиҳои паралимпии Токио-2020 22 намуди варзиш ворид гардидааст: камонварӣ, варзиши сабук, бадминтон, бочче, қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, велосипедронӣ, аспсаворӣ, футбол, голбол, ҷудо, паверлифтинг, қайиқронии академӣ, тирандозӣ, волейбол (нишаста), шиноварӣ, тенниси рӯи миз, таеквондо, триатлон, баскетбол бо ароба, шамшербозӣ бо ароба, регбӣ бо ароба, теннис бо ароба.

4400 варзишгар аз 136 кумитаи миллии паралимпӣ барои 540 маҷмӯи медалҳо сабқат мекунанд.

АКС аз КМО Тоҷикистон

Август 19, 2021 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад