ВАКСИНА – ВОСИТАИ ПАСТ КАРДАНИ ШИДДАТИ БЕМОРИИ COVID-19. Дар Душанбе маъракаи эмкунии аҳолӣ бар зидди бемории коронавирус 77% иҷро гардид

Август 18, 2021 19:44

ДУШАНБЕ, 18.08.2021/АМИТ «Ховар»/. Маъракаи эмкунӣ зидди бемории коронавируси COVID-19 миёни аҳолии шаҳри Душанбе 77% иҷро гардид.  Дар ин бора имрӯз ба АМИТ «Ховар»  дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Гуфта мешавад, ки маъракаи эмкунӣ бар зидди каронавирус дар саросари  мамлакат дар сатҳи баланд ҷараён дорад.  Ба ҳолати шоми 17 августи соли ҷорӣ дар ҳудуди Ҷумҳури Тоҷикистон 1 миллиону 755 ҳазору 958 нафар шаҳрвандон ё 29,5% аҳолӣ ваксина, ҷумла беш аз 212 ҳазор нафар онҳо вояи дуюми  ваксинаро гирифтаанд.

Тавре қаблан хабар дода будем,  аз давраи хуруҷи бемории каронавируси COVID-19 бо талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати  ҳифзи аҳолӣ аз гирифторӣ ба бемории болозикр 4 миллиону 160 ҳазору 740 воя ваксина вориди  кишвар гардонида шуда, иқдомоти амалӣ дар ин самт идома доранд.

Маврид ба зикр аст, ки имрӯзҳо аксари сокинони мамлакат бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксина  мегиранд ва аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати саривақт дастрас намудани ваксинаи зидии бемории каронавирус сипосгузории хешро иброз медоранд.

Хотиррасон мешавем, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад. Ба ақидаи мутахассисони соҳа, алҳол ваксина ва тадбирҳои пешгирикунанда – пӯшидани ниқоби тиббӣ, пайваста шустани дастҳо,  риояи масофаи байни ҳамдигар  аз роҳҳои асосии паст кардани шиддати ин бемории фарогир мебошанд.

Нафароне, ки то ҳол ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, бояд ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки аз рӯйи омори расмӣ нисбат ба аввали моҳ чанд рӯзи охир теъдоди ками сирояти шаҳрвандон ба назар мерасад. Тавре АМИТ «Ховар» имрӯз бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод, давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 52 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 сабт гардида, 76 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 18 август дар кишвар 16275 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 15972 нафар (98,1%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 124 нафар фавтидаанд.

                                       АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Август 18, 2021 19:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад
ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш
ИСТИҚЛОЛИЯТ ТОҶИКИСТОНРО БО ҶАҲОН ВА ҶАҲОНРО БО ТОҶИКИСТОН ПАЙВАНДИ ҲАМЕШАГӢ БАХШИД. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ОЛИТАРИН ДАРАҶАИ БАХТУ САОДАТИ МИЛЛАТРО ТАЪМИН МЕНАМОЯД. Андешаҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин неъмати бебаҳо
Фаҳд Ҳамад Ал-Сулайтӣ: «Қатар ният дорад ҳамкориро бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун вусъат диҳад»
Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 аз сомонаи АМИТ «Ховар» беш аз 4 миллион маротиба дидан кардаанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ