ВАО: «Толибон»* минтақаҳои асосии маркази вилояти Тахорро, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз мебошад, зери назорат гирифтанд
ДУШАНБЕ, 09.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷонибдорони ҳаракати «Толибон»* якчанд минтақаҳои асосии маркази маъмурии вилояти Тахори Афғонистон – шаҳри Толуқонро зери тасарруфи худ дароварданд. Дар ин бора 8 август шабакаи телевизионии Афғонистон TOLO News гузориш дод.
Тибқи гузориши радио, «Толибон»* минтақаҳои калидии Толиқон, аз ҷумла қисмати марказии шаҳрро ишғол намуданд.
Чанде пеш шабакаи телевизионии Sky News Arabia бо истинод ба манбаъҳо аз неруҳои амниятии Афғонистон хабар пахш кард, ки маркази маъмурии музофоти Тахор пурра таҳти назорати ҳаракати «Толибон»* даромад. Дар ин бора аз ҷониби мақомоти расмии Афғонистон хабар пахш нагардидааст.
Субҳи якшанбе шабакаи телевизионии Al Arabiya изҳороти «Толибон»-ро* дар иртибот ба забти шаҳри Қундуз — яке аз марказҳои асосӣ дар шимоли Афғонистон пахш намуд. Аммо, Вазорати мудофиаи Афғонистон хабар дод, ки неруҳои таъйиноти махсуси кишвар барои аз шаҳр берун кардани толибон ва баъзе ноҳияҳое, ки аз ҷониби ифротгароён тасарруф гардида буданд, амалиёт мегузаронанд.
Тавре фармондеҳи неруҳои таъйиноти махусус Тоҷ Муҳаммад изҳор дошт, «Толибон»* дар давоми 24 соати охир дар набард бо низомиёни афғон талафоти зиёд доданд». Неруҳои таъйиноти махсус яке аз майдонҳои асосии шаҳр ва маҳаллае дар наздикии онро аз ифротгароён тоза намуда, инчунин назоратро дар идораи радио ва телевизиони миллӣ барқарор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки вилоятҳои Тахор ва Қундуз дар шимоли Афғонистон бо Тоҷикистон ҳаммарз мебошанд.
АКС аз бойгонӣ
________________________________
* Толибон – ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистон








Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд






