Вазири корҳои хориҷии Покистон ҷомеаи ҷаҳонро ба муколама бо толибон даъват намуд

Август 24, 2021 11:01

ДУШАНБЕ, 24.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Исломобод аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон даъват мекунад, ки бо ҳаракати радикалии «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон), ки дар Афғонистон ба қудрат расидаанд, муколама кунанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар дод, дар ин бора дирӯз, 23 август зимни нишасти матбуотӣ вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ (ДАР АКС) хабар дод.

«Ҷомеаи байналмилалӣ бояд бо толибони афғон дар тамос бошад», — иқтибос овардааст суханони Қурайширо шабакаи телевизионии Jeo TV.

Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Покистон, дар ояндаи наздик ӯ барои баррасии  вазъияти Афғонистон ба Эрон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Узбекистон сафар мекунад. Вай ҳамчунин иброз дошт, ки Покистон ният дорад ба сулҳ дар ин кишвар мусоидат намояд ва умедвор аст дигар давлатҳои минтақа низ ҳамин тавр хоҳанд кард.

Ҷангҷӯёни ҳаракати «Толибон» 15 август бидуни ҷанг вориди Кобул шуда, дар тӯли чанд соат дар пойтахти Афғонистон назорати комил ба роҳ монданд. Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ки барои ҷилавгирӣ аз хунрезӣ истеъфо дод ва кишварро тарк кард. Кишварҳои ғарбӣ шаҳрвандони худ ва кормандони сафоратхонаҳоро тахлия мекунанд.

                                                                                   АКС: IANS

Август 24, 2021 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои амният баргузор шуд
Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон муайян гардидааст