ВОРӮ – НИШОНЕ АЗ ФАРҲАНГИ СУҒДИЁНИ ҚАДИМ. Оё метавон онро ба рӯйхати ЮНЕСКО пешниҳод намуд?
ДУШАНБЕ, 18.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Табиати дилфиребу нотакрор, чашмаю рӯдҳои зулолу мусаффо ва марғзорҳои сабзрангу осмони нилии водии Киштӯд, ки дар кӯҳҳои Фон домон густурдааст, кайҳо боз ҷаҳонгардону дӯстдорони сайру саёҳатро мафтун намудааст. Дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкати сайёҳии «Панҷакент интур» хатсайри нави сайёҳии Душанбе-Панҷакент-кӯҳҳои Фон-водиҳои Киштӯд-Хуштаритаро ифтитоҳ намуд, ки дар радифи дигар намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ дар он хабарнигори АМИТ «Ховар» низ шомил буда, гузориш омода намудаст.
Кӯҳҳои Фон — нозанине андар миёни Зарафшону Ҳисор
«Ҳадафи ташкили хатсайри нав дар масири Душанбе-Панҷакент-кӯҳҳои Фон муаррифии ҳарчи бештари имконоти нодири сайёҳии шаҳри бостонии Панҷакент, манзараҳои ҷолибу табиати нотакрори кӯҳҳои Фон, анъанаю суннатҳои сокинони он ва дар маҷмӯъ, рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ, этнографӣ ва экотуризм- сайру саёҳат дар табиат мебошад, ки миёни сайёҳони хориҷӣ маъруф аст ва бархе аз мавзеъҳои сайёҳӣ то ҳанӯз муаррифӣ нагардидаанд»,- мегӯяд намояндаи масъули ширкати сайёҳии «Панҷакент интур» Фаридун Ҳамроев.
Мавсуф афзуд, ки кӯҳҳои Фон кӯҳсорест, ки дар байни қаторкӯҳҳои Зарафшону Ҳисор, дар ҳудуди Панҷакенту Айнӣ домон густурда, аз водии дарёҳои Арчамайдону Киштӯд дар ғарб то водии дарёҳои Искандару Фон дар шарқ ба масофаи 45-50 км тӯл кашидааст. Кӯҳҳо асосан аз оҳаксанг, варақсанг, алевролит ва регсанг таркиб ёфтаанд, ки синнашон ба давраҳои силуру девон мансубанд. Дар кӯҳҳои Фон, махсусан дар қисми марказии он, қуллаҳои баланди нӯктез, амсоли Чимтарра — 5489 метр, Ғанзаи Калон — 5415 метр,Чапдара — 5304 метр, Бодхона — 5300 метр, Москва — 5183 метр, Ғанзаи Хурд — 5031 метр воқеъ буда, қуллаҳои баланд тамоми сол барфпӯшанд. Дар нишебии онҳо пиряхҳои начандон калони Имат, Чимтарға мавҷуданд. Ба туфайли ағбаҳои баланди Аловуддин, Қазноқ ва Амшут беш аз 4000 метр аз водии Киштӯд ба водии Фон ва Искандаркӯл роҳи пиёдагард мавҷуд аст.
Дар кӯҳҳои Фон беш аз 30 кӯли дорои оби шаффофу сард, аз қабили Искандаркӯл, Кӯли Калон, Чуқурак, Ало, Аловуддин, Мурғобӣ, Соя, Оби сафед ё Наҳанг мавҷуданд, ки аз қуллаҳои барфпӯши кӯҳӣ сарчашма мегиранд. Дар миёни онҳо кӯлҳои Марғзор ё ҳафт кӯли нозанини водии Ҳафткӯл бо хусусиятҳои худ фарқ мекунанд.
Аз кӯҳҳои Фон рӯдҳои бисёре ҷорӣ мешаванд, ки калонтаринашон Пасрӯд, Сарима, Арғ, Уреч, Амшут мебошанд. Дар нишебии кӯҳҳо олами набототу ҳайвонот, хусусан арчазору алафзор, гиёҳҳои кӯҳӣ ва парандаҳо ба табиат зебоии нотакрор зам намудаанд. Дар дараҳо дарахту гиёҳҳои гуногун, назири зарбед, зирк, настаран, қот, ғӯш, хома, чайтан, яхак ва дигар гиёҳҳои кӯҳӣ мерӯянд.
Ворӯ — деҳае дар оғӯши кӯҳҳои Фон
Сайёҳони хатсайри нави Душанбе-Панҷакент- кӯҳҳои Фон-водиҳои Киштӯд-Хуштарита баъд аз тамошои мавзеъҳои сайёҳӣ ва ёдгориҳои таърихию қадимаи шаҳри Панҷакенти бостонӣ, назири Саразми бостонӣ, Панҷакенти қадим, чойхонаи «Саёҳат» ба сӯи водии Киштӯд роҳ пеш гирифта, дар наздикии деҳаи Ғазза, дар деҳаи хаймагии «Симиганҷ», ки дар канори дарёи Рӯз воқеъ аст, хайма зада, бо имконияти сайёҳии деҳаҳои Ғазза ва Ворӯ шинос шуданд.
Деҳаи Ворӯ дар байни кӯҳҳои Фон ҷойгир шудааст. Ворӯ калимаи суғдӣ буда, маънояш фарох, васеъ ва кушод аст. Кӯҳҳои Фон миёни сайёҳони дохилию хориҷӣ бо табиати ҷаззоб, ки қалам барои тасвири зебоиҳои нотакрораш оҷизӣ мекунад, маъруф аст ва қалби сайёҳонро тасхир намудааст. Ин аст, ки дар кӯҳҳои Фон навъҳои гуногуни сайёҳӣ, аз қабили сайёҳии кӯҳнавардӣ, экотуризм- сайругашт дар табиат рушд намудааст, гуфт роҳбалади сайёҳони хатсайри Душанбе-Панҷакент-кӯҳҳои Фон Манучеҳр Зарипов.
Сайёҳон ба фарози кӯҳҳои Фон баромада, деҳаи Ворӯро тамошо намуданд. Бо сокинони деҳа вохӯрию суҳбат намуда, бо рӯзгори онҳо шинос шуданд. Деҳаи Ворӯ нишонае аз таъриху фарҳанги мардумони суғдзамин буда, хонаҳои сокинонаш аз санг ва болорҳояш аз чӯб дар нишебии кӯҳ боло ба боло сохта шудаанд, ки ҳангоми тамошо диққати ҳар нафарро ба худ ҷалб менамоянд. Атрофи деҳаро сафедорон ва дарахтони зардолу иҳота кардаанд.
Кӯдакони Ворӯ чашмони обӣ доранд
Деҳаи Ворӯ дар баландии 2200 метр аз сатҳи баҳр воқеъ буда, дар он 200 оила, дар маҷмӯъ 750 нафар аҳолӣ зиндагӣ менамояд ва дар байни 11 деҳаи водии Киштӯд сеюмин деҳаи калон ба шумор меравад. Дар деҳа мактаб бунёд гардидааст, ки дар он 260 нафар хонанда аз синфи 1 то 11 ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Мардуми деҳаи -Ворӯ оромтабиату меҳмондӯстанд, аксарияти кӯдакони ин деҳа чашмони обӣ доранд, асосан дар болои бомҳои хонаҳояшон бозӣ ва гашту гузор менамоянд.
Яке аз хусусиятҳои хоси сокинони ин деҳа он аст, ки мардони Ворӯ ба сар тоқӣ мемонанд, ки он рамзӣ буда, тоҷдор будани миллати моро таҷассум менамояд. Занон ва духтарони қадраси Ворӯ рӯймоли пешонабанд баста, аз болои он рӯймоли калонро ба зери гардан мебанданд, ки ин тарзи бастани рӯймол хоси занони ин деҳа буда, дар дигар минтақаҳои Панҷакент дида намешавад. Инчунин занони синни аз 60 боло ба сар яктаҳ меандозанд, ки он васеъ аст. Чунин тарзи либоспӯшӣ дар деҳаҳои поёнии водии Киштӯд аз байн рафтааст, аммо дар ин деҳа ҳанӯз побарҷост,- мегӯяд роҳбалади хатсайр Манучеҳр Ҳамроев.
Сокинони Ворӯ Наврӯзро бо барф истиқбол менамоянд
Шуғли асосии сокинони деҳа чорводорӣ, боғдорӣ ва кишоварзӣ буда, зиндагиашонро аз ин ҳисоб пеш мебаранд. Роҳбалад Манучеҳр Ҳамроев зикр намуд, ки барои ҳар оилаи Ворӯ дар масофаи 70 км поёнтар аз деҳа, дар деҳаи Шулча хона бунёд намудаанд, аммо сокинони Ворӯ ба онҷо нарафтанд, зеро деҳаашон ба онҳо хеле писанд аст. Сокинони деҳа дар мавсими сардиҳо, ки дар ин ҷо аз моҳи октябр оғоз меёбад, барои гарм кардани хонаҳо ва омода намудани нону таом танҳо ҳезум истифода менамоянд, на ангишт. Ва дар ин ҷо вайрон кардани ҳолати экологӣ низ вуҷуд дорад, зеро сокинони ин деҳа дарахтон, инчунин бурсу арчаи хушкро ҳамчун ҳезум барои гарм кардани хонаҳояшон истифода менамоянд, зеро харидорӣ ва ба манзилҳояшон овардани ангишт барояшон мушкил меафтад.
Дар зимистон рафту омад дар деҳа кам гардида, асосан маҳсулоти хӯроквориро дар мавсими тобистон захира менамоянд, зеро фасли зимистон дар деҳа тӯлонӣ буда, то охири моҳи март идома меёбад. Ин аст, ки сокинони Ворӯ аксар маврид ҷашни ҷаҳонии Наврӯзро бо барф истиқбол мегиранд.
Бархе оинҳои зардуштӣ дар Ворӯ то ҳол побарҷоянд
Деҳа дар домони кӯҳ воқеъ буда, заминҳои кишти сокинон дар ҳамворӣ ҷойгиранд ва дар ҳамвориҳо зироат кишт ва парвариш менамоянд. Аксарияти сокинони деҳаи Ворӯ шурӯъ аз моҳи май бо молу чорвоҳояшон ба айлоқ ё ба истилоҳи сокинонаш ба овул мераванд, ки дар ҳамвориҳои водии зебоманзараи Хуштарита воқеъ аст. Бо вуҷуди дар домонаи кӯҳҳои баланд доман густурдани деҳа аз миёни сокинони Ворӯ даҳҳо нафар шахсони шинохта, зиёиён, рӯҳониёни маъруф ба камол расидаанд ва дар рушду пешрафти кишварамон саҳми муносиб мегузоранд.
Деҳаи Ворӯ бо неруи барқ, таъмин буда, сокинонаш ба шабакаи интернет дастрасӣ доранд, инчунин дар деворҳои хонаҳояшон мавҷгирҳои моҳворавӣ насб гардидаанд. Анъана ва оинҳои сокинони деҳаи Ворӯ, хусусан маросими тӯйи арӯсиашон аз дигар сокинони деҳаҳои водии Киштӯд тафовут мекунад. Баъзе оинҳо аз даврони зардуштӣ то ҳанӯз дар ин ҷо боқӣ мондаанд. Яъне ҳангоми тӯй шаҳу арӯсро дар атрофи гулхани оташ давр мезанонанд.
Инчунин то ҳанӯз дар ин деҳа барои хостгорӣ ва тӯй кардани духтарон бояд ҷониби домод барои ҳаққи шири модар ду халта орд, як моли калон, гӯсфанди чорӣ- яъне чорсола, як пойи гов гӯшт, 50 кг биринҷ. 65-70 кг шираворӣ- қанду қандалот, мавизу ғӯлинг ва дигар анвои хӯрданӣ ва ҷиҳоз барои арӯс, инчунин аз ҷониби арӯс ба шаҳ либосу поайфзол тақдим гарданд.
Сокинони Ворӯ барои сафар аз деҳа ба дигар деҳаҳои водии Киштӯд асосан аз мошинҳои тамғаи «Musso», ки барои ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ мувофиқ аст, инчунин барои кашонидани бор ва ҳезум бештар аз маркаб истифода менамоянд. Нархи роҳкиро аз деҳаи Ворӯ то Шулча 30 сомонӣ ва то маркази Панҷакент 45 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин ҳар рӯзи чоршанбе дар водии Киштӯд чоршанбебозор ташкил мешавад, ки дар он сокинони Ворӯ молу чорвои худро ба фурӯш мебароранд.
Хуштарита — водии хуш ва сабзпӯш
Сайёҳони хатсайри Душанбе-Панҷакент-водиҳои Киштӯд- Хуштарита пои пиёда деҳаи Ворӯро убур намуда, ба водии Хуштарита роҳсипор гардиданд, ки дар баландии 1600 -2500 метр аз сатҳи баҳр воқеъ мебошад. Хуштарита калимаи суғдӣ буда, маънояш хуш, хушрӯ, барҳаво ва тар мебошад. Яъне водие, ки ҳам хуш ва ҳам тар аст, зеро бориш дар ин водӣ асосан аз ҷониби қибла ба амал меояд. Дар ин водӣ се кӯл- «Мурғобӣ», «Соя» ва «Оби сафед», ки «Наҳанг» низ мегӯянд, мавҷуданд. Кӯлҳоро ду км масофа аз ҳам ҷудо мекунад. «Мурғобӣ» ном гирифтани кӯл далели он аст, ки ба ин кӯл асосан мурғобиҳо омада, об менӯшанд ва дар он шино мекунанд. Масоҳати кӯл 500 -600 метр ва каъри он беш аз 5 метрро ташкил медиҳад.
Шурӯъ аз барфи аввал оби кӯлҳо ях мебандад. Дар дохили кӯлҳо моҳӣ ва мор мавҷуд буда, ранги обҳои кӯлҳо аз ҳам фарқ мекунад. «Соя»- кӯли дуюм дар водии Хуштарита буда, зери теппачаи кӯҳ воқеъ буда, теппаи кӯҳ ба кӯл соя медиҳад. Кӯли «Оби сафед» ба он хотир ин номро гирифтааст, ки ҳангоми ба он ҷорӣ шудани об он сафед метобад.
Ба водӣ сайёҳон аз чанд самт ворид мегарданд. Яке -самти деҳаи Ворӯ, дигар самти деҳаи Ғазза ва самти дигар аз ҷониби деҳаи Некнот аст. Ин самтҳо имконият медиҳанд, ки сайёҳон бештар ба ин ҷо сафар намоянд ва аз табиати нотакрору манзараҳои дилфиреб, рӯду чашмаҳои сарду зулол, марғзорҳои сабзранг ва тамошои олами бои набототу ҳайвоноти он баҳра бардоранд. Сайёҳони хатсайр баъди тай намудани 10 км роҳи кӯҳӣ дар баландии 1600-2500 метр аз сатҳи баҳр дар мавзеи Бедаки водии Хуштарита истироҳат намуда, бо рӯзгори сокинони деҳаи Ворӯ, ки ба овул омада буданд, шинос гардиданд. Онҳо дар ин ҷо чорво парвариш менамуданд. На танҳо манзараҳои зебои дараи Киштӯд Ворӯро писанди сайёҳону ҷаҳонгардон кардааст, балки роҳҳои аз қадим мавҷуда, деҳаҳои сарироҳӣ, мардуми некухислаташ ҷалби сайёҳонро ба ин мавзеъҳо зиёд намудааст. Инчунин мавқеи ҷуғрофии дараи Киштӯд, ки дар масофаи начандон дур аз марказҳои бузурги аҳолинишин, назири Самарқанду Бухоро, Душанбеву Ҳисор, воқеъ аст, омаду рафти сайёҳонро осон кардааст.
Киштӯд аз қадимулайём яке аз гузаргоҳҳои «Роҳи абрешим» будааст, зеро ягона пайвандгари масофаи кӯтоҳ ва равуои осон байни Самарқанду Ҳисор мебошад. Дар маҷмӯъ, дар деҳаи кӯҳистони Ворӯ ва водии Киштӯд имконияти зиёди рушди намудҳои сайёҳии таърихию этнографӣ, экотуризм мавҷуданд, ки бояд аз он ба таври васеъ истифода намуд.
Месазад, ки ин деҳаи зебои хуштарҳро дар оянда ҳамчун ганҷинаи нодири табиат ва боқимондаи фарҳангу тамаддуни суғдиёни қадим ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод намуд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
Душанбе-Панҷакент-водиҳои Киштӯд ва Хуштарита
АКСҲО: АМИТ «Ховар»