Вуруди тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳудуди Федератсияи Русия бе доштани ҳуҷҷат дар намуди QR-code манъ аст

Август 26, 2021 09:18

ДУШАНБЕ, 26.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандоне, ки ба Федератсияи Русия сафар менамоянд, мерасонад, ки аз 1 сентябри соли равон дар асоси қарори Ҳукумати Федератсияи Русия аз 20 июли соли 2021 вуруди тамоми шаҳрвандон ба ҳудуди Федератсияи Русия бе доштани ҳуҷҷат дар намуди QR-code манъ аст.  Шаҳрвандон пас аз насби барномаи «Путешествую без COVID-19» дар телефони мобилии худ метавонанд рамзи QR-code-ро дар шаҳри Душанбе аз озмоишгоҳҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, махсусан аз Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва марказҳои ин хадамот дар шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Озмоишгоҳи миллии референсӣ (воқеъ дар Қараболо) дастрас намоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки қаблан шаҳрвандони мамлакат барои ворид шудан ба Федератсияи Русия маълумотнома оид ба тоза будан аз сирояти коронавирусро дар муҳлати 72  соат аз озмоишгоҳҳо дастрас менамуданд.

Бинобар қоидаҳои нави ворид шудан ба Федератсияи Русия, минбаъд чунин маълумотномаҳо оид ба тоза будан аз бемории коронавирус тариқи рамзи QR-code дар телефонҳои мобилӣ (смартфон) ҷойгир кунонида шуда, мавриди истифода қарор мегиранд, ки  тартиби дурусти пайдо намудани ин ҳуҷҷат чунин аст: дар асоси лоиҳаи «Саёҳат бидуни COVID-19» барои истифодабарандагони телефонҳои мобилӣ дар интернет-мағозаҳое, ки дар телефон барномагузорӣ шудааст, барномаи наве бо номи «Путешествую без COVID-19» кушода  шудааст. Шаҳрвандон бояд ин барномаро дар телефони дастии худ насб намуда, маълумоти заруриро ворид кунанд.

Пас аз ворид намудани маълумот барнома ба шумо маконҳоеро, ки дар он ҷо гирифтани ташхис дар намуди QR-code имконпазир аст, пешниҳод менамояд. Ба воситаи барномаи мазкур макони барои худ мувофиқро интихоб намуда, бо шиносномаи хориҷӣ ба онҷо муроҷиат кунед.

Бояд гуфт, ки пас аз гузаштани ташхис тамоми маълумоти заруриро дар шакли рамзи  QR-code ба барномаи дар телефон насбшуда бояд  ворид кард.

Ҳангоми сафар ба  Федератсияи Русия рамзи QR-code-ро аз тариқи телефон ба нафарони масъул бояд нишон дод.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 26, 2021 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад