ИДИОЛОЖИИ ТОЛИБОНӢ ЧӢ ҲАСТ? Мулоҳизаҳои нависанда ва рӯзноманигор Шаҳзодаи Самарқандӣ, ки феълан дар Ҳоланд кору зандагӣ мекунад

Август 30, 2021 13:15

ДУШАНБЕ, 30.08.2021/АМИТ «Ховар»/. Тафаккури толибонӣ бадтар аз вируси Куруно дар ҷомеъа густариш ёфта, ки танҳо подзаҳри он дониш аст ва мутолеъа ва тарбияти раҳбарони донишманду таҳсилкарда. Бо роҳи дигаре намешавад ин идиоложии ҷаҳл ва бесаводиро аз байн бурд. Чунин навиштааст нависанда ва рӯзноманигори тоҷиктабори муқими Ҳоланд  Шаҳзодаи Самарқандӣ дар саҳифаи худ дар Facebook, ки қобили мутолеъа ва мулоҳиза аст. Матни навиштаи ӯро дар зер пешниҳоди хонандагон менамоем.

 Имрӯзҳо суҳбат аз Толибон* дар садри ҳамаи ахбор аст ва корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ низ мудом аз Толибон* мегӯянд, ки комилан қобили дарк аст. Дили ҳамаи мо барои мардуми озодихоҳи Афғонистон месӯзад ва ҳама дар ҳоли бозтоб додани ҳамдилӣ ва пуштибонии худ аз ҷибҳаи муқовимат ҳастем. Фоҷеъаи онҳо фоҷеъаи мо низ ҳаст. Шутуре, ки имрӯз дами дари онҳо хобида фардо дами дари мост агар ҳамбастагӣ надошта бошем, садои онҳо набошем. Бодо, ки пирӯз бошанд азизони Афғонистон, ки чандин даҳсола аст зулмро таҳаммул мекунанд, аммо мудом меҷанганду муқовимат мекунанд. То онҳо пирӯз нашаванд, идиоложии толибонӣ аз минтақа барчида нахоҳад шуд.

Бархе бар ин боваранд, ки Толибон* сарбозоне ҳастанд, ки аз Покистон вориди Афғонистон шудаанд ва бо аз байн бурдани онҳо тафаккур ва идиоложии толибонӣ низ аз байн хоҳад рафт.

Ин андеша то ҳадде дуруст аст, вале ҳамаи моҷаро нест. Ҳарчанд аз байн бурдани муҷриҳои физикии ин идиоложӣ, қудрати сиёсии онҳоро коҳиш медиҳад ва аз саҳна дур мекунад, аммо комилан торумор нахоҳад кард.

Ба назари бисёре аз таҳлилгарони сиёсӣ ва иҷтимоъӣ тафаккур ё идиоложии толибонӣ решаи амиқтаре дар минтақа дорад ва бо тағйир ёфтани фазои сиёсӣ дар бисёре аз кишварҳои мо вопасгароёни ватанӣ чеҳраи ҳақиқии худро зоҳир хоҳанд кард ва зери парчами Толибон* саф хоҳанд кашид. Дар ин андеша ҳақиқати зарифе хобида аст, ки бояд таъамули амиқ дошта бошем ва худро жарф дар ойинаи ақлу дил бибинем.

Киҳо гароиш ба толибонизм доранд?

Толиб он аст, ки ақида дорад, зан моликияти мард аст ва инсони мустақил ва соҳибҳуқуқ нест ва танҳо вазифа ва арзише, ки дорад, ҷисми ӯст ва танҳо тавоноиаш модар будан аст; зан хонадор бояд бошад, ба маънии ин ки мудом дар хидмати мард ва мардҳои хонавода бошад, чи он ҳамсараш аст чи писаре, ки худ зода аст. Ҳаққи тадрис надорад, ҳаққи ба меҳмонӣ рафтан надорад, ҳаққи садо дар ҷамъ ва ҷомеъа надорад, хушӣ барояш ҳаром аст ва сабукӣ дониста мешавад ва бояд муроқиби обрӯ ва саломатии мардҳои хонавода бошад ва аз ҳамоқат ва ҷаҳли онҳо шикоят ба касе набарад, зулми ба ӯ раво дидаро бибахшад ва эътироз накунад… Агар аз ин чорчӯб по ба берун гузошт, пас бояд бидуни тардид танбеҳ кард.

Ҳоло ба атрофи худ нигоҳ кунед, чанд нафарро мешиносед, ки бо ин тафаккур зиндагонӣ мекунанд? Мутмайинам, ки чунин афроде дар атрофи шумо ҳастанд.

Пас агар чунин аст, мубориза бо фарҳанг ва тафаккури толибонӣ танҳо бо аслиҳа ва ҷанг дар дохили марзҳои Афғонистон ҳаллу фасл нахоҳад шуд. Бояд бо омӯзиш ва таҳсили насли оянда ин тафаккури масмумкунандаро то ҳадди имкон дар ҷомеъаи худ коҳиш диҳем.

Дар қарнҳои гузашта теъдоди мутаффакирони маънавӣ ва файласуф дар минтақаи Осиёи Миёна он қадар зиёд буд, ки боъиси обрӯ ва номи неки мазҳаби ислом дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ буд, аммо ҳоло онон, ки худро мусалмон медонанд, аз ин фалсафаҳои миллӣ ва маънавии мо хабаре надоранд ва ҳатто мутаваҷҷеҳ нестанд, ки агар Имом Абу Ҳанифа ё Сино ҳоло зинда буданд ва он ҳарфҳои равшангаронаи худро такрор мекарданд, мисли Толибон сангсорашон мекарданд.

Тафаккури толибонӣ бадтар аз вируси Куруно дар ҷомеъа густариш ёфта, ки танҳо подзаҳри он дониш аст ва мутолеъа ва тарбияти раҳбарони донишманду таҳсилкарда (аст). Бо роҳи дигаре намешавад ин идиоложии ҷаҳл ва бесаводиро аз байн бурд.

Чи касе буд, ки исмаш ёдам нест, мегуфт: «Барои мубориза бо торикӣ бояд чароғ равшан кунем»*. Торикии дилу зеҳни моро ҳеч аслиҳае ба ғайр аз тухми сухану дониш мағлуб нахоҳад кард.

Дар ин муборизаи сохторӣ ва аслӣ ҳамаи мо бодо ки пирӯз бошем ва чароғи дилу дидаи худ ва атрофиёни худро низ равшан нигаҳ дорем, нек бошему некӣ кунем то дарахти инсоният барои ҳама пиру ҷавон, зану мард ва кӯдакон яксон шукуфо гардад.

                      АКСҲО аз саҳифаи  Шаҳзодаи Самарқандӣ дар Facebook

____________________________________

*Толибон – ҳаракати теророристии мамнуъ дар Тоҷикистон

*Мутафаккир ва файласуфи машҳури Чин Конфутсий чунин гуфта: «Ба ҷои он ки як умр ба торикӣ лаънат фиристем, месазад чароғеро барафрӯзем».

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

Шаҳзодаи Самарқандӣ (Назарова) фориғуттаҳсили факултети забон  ва адабиёти  тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд аст.

Чанде пеш романи нави Шаҳзодаи Самарқандӣ бо номи «Регистон» чоп шуд. Ӯ гуфт, ин китоб дар бораи тобистоне қисса мекунад, ки дар он айём Шӯравии собиқ фурӯ пошид ва он вақт тоҷикони Самарқанд дар чӣ ҳол буданд. Ин достони таърихӣ нест ва фазои сиёсиву иҷтимоӣ дар доираи робитаи ошиқонаи як духтари самарқандӣ бо устод ва дӯсти дигараш баён шудааст. «Як достони ошиқонаи сегона ҳаст. Дар ин асар тасвир шудааст, ки инҳо дар фазои пулисиву амниятии Шӯравӣ чигуна ба якдигар кумак мекунанд, чигуна талош мекунанд, ки мушкилоти якдигарро бартараф намоянд», — афзуд Шаҳзодаи Самарқандӣ. Ин китоб ҳоло бо хатти форсӣ нашр шуда, ба қавли Шаҳзода, нусхаи он бо кириллӣ низ ба зудӣ дастраси хонандаҳо хоҳад шуд.

Аз ин пеш Шаҳзода романи «Синдроми Стокҳолм» (Syndrome Stockholm, Париж, 2011) ва «Замини модарон» («Motherland», Лондон, 2013)-ро ба ҳуруфи кириллӣ ва форсӣ нашр карда буд.. Ӯ дар риштаи филмсозӣ дар Лондон чанд давраи омӯзишро гузашта, дар филми сохтаи Меҳдии Ҷомӣ бо номи «Чархо фалак» ба унвони ровӣ ҳузур дорад.

Шаҳзодаи Самарқандӣ шеър ҳам  менависад ва китобҳои ашъораш бо номи «Дар сояи сафар» (Самарқанд, 2005) ва «Сабри Санг» (Самарқанд, 1994) ба дӯстдорони каломи бадеъ шиносанд.

5-28 ноябри соли 2016  дар доираи Фестивали 5-уми адабии   «Open Eurasian Literature Festival&Book Forum» ғолибони озмуни «Авруосиёи озод» қадрдонӣ гардиданд. Ба Шаҳзодаи Самарқандӣ ҷоизаи ба номи Марзия Закирянова барои беҳтарин кори занона супорида шуд.

Август 30, 2021 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» ба Хушомад Алидодов ва «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» ба Дилдора Азимова дода шуд
Ҳунармандони шаҳри Кӯлоб дар озмуни «Ҳунарманди сол» сазовори баҳои баланд гардиданд
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Аз сардиҳои фасли зимистон худро эҳтиёт намоед
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҷайҳун бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва шуъбаи маориф ба истифода дода шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Фаронса дар вохӯрии шарикони рушди ҷаҳонӣ иштирок намуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
Дар ноҳияи Рашт китобхона ва бунгоҳи тиббӣ сохта ба истифода дода шуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
САФАРАТОН БОБАРОР ВА БЕХАТАР БОД! Тавсияҳои IRS ба ронандагон вобаста ба фаро расидани мавсими сармо
Дар Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
АМИТ «Ховар» барои риояи бандҳои «Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» беҳтарин дониста шуд
Дар Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор» шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд