Ба кормандони Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ тақдим карда шуданд

Август 23, 2021 15:52

ДУШАНБЕ, 23.08.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар дода будем, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасонӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар хизматчиёни давлатӣ мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.

Имрӯз аз ҷониби муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода ба кормандони Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаву муассисаҳои тобеи он мукофотҳои давлатӣ, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфароз гардонида шуданд, тақдим гардиданд.

Дар маҷмӯъ ба 4 нафар медали Хизмати шоиста, 2 нафар медали Шафқат, 5 нафар медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», 3 нафар Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 нафар Ифтихорнома ва ба 35 нафар Раҳматномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмату талошҳои содиқонаи ҳар фарди худогоҳу худшиноси ватанро қадршиносӣ карда, пайваста дастгирӣ менамояд.

Дар вазъияти тантанавӣ сарфароз гардонидани кормандони фаъоли Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаву муассисаҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаву раҳматномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон собитгари ҳамин аст.

 

Август 23, 2021 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад