Замони баргузории бозиҳои даври ҳаштуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 муайян шуд
ДУШАНБЕ, 26.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 август бозиҳои даври ҳаштуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 дар толорҳои варзишии мамлакат баргузор мешаванд, ки дар он дастаҳои футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд бо «Соро компания»-и шаҳри Душанбе, «Помир»-и шаҳри Хоруғ бо «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Пойтахт» бо «Самандар»-и шаҳри Турсунзода миёни ҳам рақобат мекунанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Чанд рӯз пеш бозиҳои даври ҳафтуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 баргузор шуданд. Дар ин давр чемпиони феълии кишвар- дастаи футзали «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд ба дарвозаи дастаи «Помир»-и шаҳри Хоруғ 10 голи беҷавоб зад. Дар ҳайати дастаи «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд легионери гурҷистонӣ Нукри Чумбуридзе се тӯб зад ва ё хет-трик анҷом дод. Дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе низ ба ҳарифаш- дастаи «Самандар»-и шаҳри Турсунзода ғолиб омада, 13 тӯб вориди дарвозааш намуд. Дар ҳайти дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе Фирӯз Сангов се тӯб ба нишон расонид.
Дар бозии дигар дастаи футзали «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бар дастаи «Пойтахт» бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад. Бо шарофати ду голи Самандар Ризомов ва голи Муҳаммадҷони Асламхон дастаи футзали «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе соҳиби се хол шуд.
Пас аз натиҷагирии 7 даври Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 дастаи «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд бо 22 хол пешсаф аст. Дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе, ки 19 хол дорад, дар ҷои дуюм қарор гирифтааст.
АКС аз ФФТ








Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад






