28-29 сентябр дар Тоҷикистон вазиши чангу ғубор боқӣ монда, сар задани селҳои пиряхӣ пешгӯӣ мешавад

Сентябрь 27, 2021 17:01

ДУШАНБЕ, 27.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28-29 сентябр дар минтақаҳои алоҳидаи вилояти Хатлон, вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи марказ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазиши чангу ғубор боқӣ мемонад. Шабонарӯзи наздик дар ғарби ВМКБ, минтақаҳои алоҳидаи  кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд бар асари об шудани пиряхҳо эҳтимоли сар задани селҳои пиряхӣ пешгӯӣ мешавад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Бино ба иттилои манбаъ, то 29 сентябр дар ноҳияҳои вилояти Хатлон, хусусан дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак, Данғара, Ёвон, Восеъ, Панҷ, Фархор, Дӯстӣ, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ: Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав, Рӯдакӣ, ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Суғд бо сабабҳои омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз самти ҷанубу ғарбӣ  ва ҷанубӣ ба кишвар ворид мегардад), баланд шудани  ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосфера аз моддаҳои муаллақ (чанг), заррачаҳои андозаашон 10 мкр (Рм-10) ва заррачаҳои андозаашон 2,5 мкр (Рм-2,5)   дар назар аст.

Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз сайругашти хиёбонҳо, хусусан наздикии роҳҳои сернақлиёт, ҷойҳои камшамол, минтақаҳое, ки ба саломатиашон хатарнок аст, худдорӣ намоянд. Ҳангоми корҳои саҳроӣ, сохтмонӣ ва сафар эҳтиёткор бошанд. Вазъияти баамаломада ба кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила ва бемориҳои диққи нафас ва қалб таъсири манфӣ дорад.

Аз ронандагон ва кӯҳгардон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳу пайроҳаҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро  риоя намоянд, бахусус фосилаи байни мошинҳо ҷиддан бояд риоя шавад, зеро эҳтимоли сангрезиш ва ё омадани селҳо зиёд аст.

Дар сурати рух додани ягон ҳодисаи фавқулода бо шумораи телефони 112 ва ё ба Қисми навбатдории Кумита бо рақамҳои   223 13 11, 93 880 28 19 занг занед.

АКС: аз КҲФ

Сентябрь 27, 2021 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд