Саидмукаррам Абдулқодирзода: Толибон аз номи Ислом ба амалҳои касиф даст зада, ин дини муқаддасро доғдор карданиянд

Сентябрь 11, 2021 09:24

ДУШАНБЕ,  11.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Зулм гуноҳи азим аст. Дар дунё ҳеҷ зулм ва ситам ба мардум ба ягон давлат оромӣ намеорад. Баръакс, касратӣ, касофатӣ, нокомӣ, бадбахтӣ ва рӯсиёҳӣ меорад. Чунин гуфт зимни суҳбат Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам АБДУЛҚОДИРЗОДА ба хабарнигори АМИТ «Ховар».

Саидмукаррам Абдулқодирзода иброз намуд, ки дар дини мубини Ислом дар сулҳу рифоҳ ва иттифоқ зистани мардум ҳамчун арзиши беҳтарин ситоиш мешавад. Зеро Ислом раҳму шафқат ва бародарӣ аст. Аммо ин гурӯҳ-ҳаракати террористии «Толибон» имрӯз худро давлати исломӣ гуфта, занону кӯдакон ва бародаронро қурбонӣ мекунанд, ки ин гуна хабарҳо ҳар рӯз тавассути ВАО пахш мешаванд. Яъне ин рафтори инҳо маънои онро дорад, ки инҳо аз Ислом, гуфтаҳои исломӣ, мусалмонӣ, раҳму шафқат ва бародарӣ хеле дур мебошанд.

«Пеш аз он ки ёрони Пайёмбар (с.а.в) ба ҷанг мерафтанд, он кас ба ёронашон таъкид мекарданд, ки «дарахтонро набуред, ба оне, ки силоҳашро ба замин гузошта, таслим шуд, озор нарасонед, занону кӯдаконро накушед ва ҳатто роҳибону диндоронеро, ки ғайримусалмон ҳам бошанд, ба қатл нарасонед. Ин ҳама раҳму шафқати мусалмонӣ ва қоидаҳои исломӣ имрӯз дар симои толибон дида намешаванд»,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи мавсуф,  агар мо таърихи гузаштаи толибон ва таърихи чандрӯзаи онҳоро ба назар гирем, мебинем, ки онҳо дар оянда ҳам ба Афғонистон ва ҳам ба тамоми давлатҳои дуру наздик хатари ҷиддӣ доранд.

«Дини мубини Ислом нагуфтааст, ки зан-модарро дар назди оммаи мардум шаллоқ занед.  Ё он ки занеро, ки соҳиби кӯдакони худрсол мебошад, толибон барои аз хона баромаданаш иҷозат намедиҳанд.  Пас агар ин зан кор накунад, фарзандонаш аз гуруснагӣ намемиранд? Ин Ислом нест, балки Ислом дини раҳму шафқату меҳрубонӣ аст. Агар инҳо Исломи асосиро нишон медоданд, тамоми олам қабулашон мекард ва давлаташонро ба расмият мешинохтанд. Исломи воқеӣ- ин саодати инсонист. Толибон аз номи Ислом корҳои касиф намуда,  ин дини муқаддасро доғдор карданиянд»,- гуфт Саидмукаррам Абдулқодирзода.

Мавсуф ҳамчунин таъкид дошт, ки «ман дар ҳайратам, ки ин кори толибон аз бесаводӣ бошад ё ҷаҳлу нодонӣ. Наход дар байни ин одамон ягон нафари босаводе набошад, ки онҳоро роҳнамоӣ намояд, ки дар ин маврид шариат чӣ мегӯяд ё  Ислом  чӣ мегӯяд. Коре, ки имрӯз толибон мекунанд, ин Ислом нест.  Ҳукумате, ки золим аст, поянда нест. Танҳо ҳукумати одил поянда мебошад».

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 11, 2021 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид