ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Шаҳринав коргоҳҳои дӯзандагӣ, сартарошхона ва марказҳои хизматрасонию омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба истифода дода шуданд
ШАҲРИНАВ, 09.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаҳои Селбури 1, Роҳи нав, Элок, Боғистон, Ҳаёти нав ва маҳаллаи Ҳосилоти ҷамоатҳои деҳоти Истиқлол, Акрам Ҳасанов, Чуст ва М.Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав 2 коргоҳи дӯзандагӣ, маркази омӯзиши забонҳо, маркази хизматрасонӣ, мағозаи молҳои сохтмонӣ ва мавриди ниёзи аввал, нонвойхона ва сартарошхона мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Дар маросими ифтитоҳи ин иншооти ҷашнӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Акрамзода ва раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода иштирок намуда, сокинони ин деҳаҳоро ба муносибати ҷашни 30 -солагии Истиқлоли давлатӣ табрик намуданд.
Зикр шуд, ки вусъат гирифтани раванди созандагӣ нишонаи возеҳи боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ миёни аҳли ҷомеа мебошад. Зеро дар ин раванд шаҳрвандони кишвар сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ саҳми арзишманд гузоштанд. Мардуми меҳнатқарини кишвар барои беҳтар гардидани вазъи инфрасохтори деҳот ёрии амалӣ расонида, дар бунёди иншооти иҷтимоӣ, таъмири роҳу пулҳо ва дигар корҳои ободонӣ ҳиссаи сазовор доранд.
Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд






