Абдурашид Шамсуллозода: Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ рушд ва таҳкими бештар ёфт

Сентябрь 9, 2021 09:06

ДУШАНБЕ, 09.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатӣ волотарин ва боарзиштарин дастовард дар ҳаёту зиндагии халқу миллати тоҷик дар таърихи давлатдориаш маҳсуб ёфта, он нишонаи ҳувияту озодӣ, ифтихору номус, рамзи саодати безавол ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлатии Тоҷикистони азиз арзёбӣ мегардад. Тамоми сокинони мамлакат имрӯз ифтихор доранд, ки 30 сол қабл нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати ин ганҷинаи беназир соҳиби рамзҳои давлатӣ–Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем, гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  судяи  Суди ноҳияи  Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдурашид ШАМСУЛЛОЗОДА   дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, аз рӯзи Сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди миллат- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътибору эътироф касб намуд.

«Аз замони эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба ин рӯз дар  ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳо марҳила ба марҳила дар инкишофи мустақилонаи минбаъдаи онҳо, аз ҷумла барои мустаҳкам кардани пояҳои ҳуқуқии истиқлолияту  давлатдорӣ ва шохаҳои ҳаётан муҳими ҳокимияти давлатӣ  дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ пайвастанд ва дар робита ба ин ҷиҳати роҳандозӣ ва мавриди амал қарор додани онҳо пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд», — зикр намуд ӯ.

Ба андешаи А. Шамсуллозода,  нахустсанаде, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистонро эълон намуд, дар он ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид.

«Зимнан баъди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994, дар моддаи 9-и он ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ гашта, ба ҳокимияти судӣ боби алоҳида бахшида шуд. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ дар раванди татбиқ ва ба амал баровардани адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуку озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлату муассисаҳо ва таъмини тартиботу қонуният фаъолияти  муназзами худро амалӣ намуда истодааст», — иброз дошт Абдурашид Шамсуллозода.

Бо назардошти воқеан муҳим будани нақши мақоми судӣ дар бунёди ҷомаи демокративу ҳуқуқбунёд, мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ҳанӯз 14 апрели соли 1997 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расида буд, ки ин санад  дар рушди минбаъдаи ҳокимияти судӣ нақши босазо гузошт.

Ёдовар мешавем, ки 31 майи соли 2002, ҳангоми машварат ва суханрониашон Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва судҳо бо самимияти хосса иброз дошта буданд, ки «имрӯз барои ҷамъият ҳимояи судии пурқувват ва боэътимод беш аз пеш зарур мебошад ва онро суде таъмин карда метавонад, ки воқеан неруманд ва дахлнопазир бошад».

«Маҳз ба хотири неруманд ва дахлнопазир гардонидани судҳо, ҷиҳати ба танзим даровардани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва мутобиқ намудани санадҳои ҳуқуқӣ ба талаботи ҷомеаи муосир, ҳамзамон эътирофи якчанд санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ  22 июни соли 2003, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо ба таҳкиму тақвият бахшидани мустақилияти судҳо, таъмини адолати судӣ ва баррасии саривақтии парвандаҳо такони ҷиддӣ бахшиданд. Аз ҷумла, дар қисми 1 моддаи 84-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав омадааст, ки «ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд», ки ин бори дигар аз он  шаҳодат медиҳад, ки мақомоти судӣ яке аз шохаҳои мустақили давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон маҳсуб меёбад» — мегӯяд Абдурашид Шамсуллозода.

Инчунин, ба гуфти мавсуф,  тибқи талаботи қисми 4, моддаи 84-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати ваколати судяҳо аз 5 ба 10 сол дароз карда шуд, ки ислоҳоти воридгардида ҷиҳати таҳким ва рушди минбаъдаи ҳокимияти судӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бобати таъмини адолати судӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши босазо гузоштанд.

Ба шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ислоҳот, таҳким ва рушди ҳокимияти судӣ пайваста таҳти ғамхориҳои беназири роҳбарияти давлату ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ҳангоми ироаи Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки «ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ  бе мавҷудияти низоми дақиқан муайяншудаи мустақилу беғарази судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии содиқ ба халқу Ватан, омодаи ҳифзи амнияти миллату давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмин намудани қонунияту тартибот дар ҷомеа аз имкон берун аст».

Абдурашид Шамсуллозода зикр намуд, ки дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат, вобаста ба татбиқи принсипи конститутсионии таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ва бо назардошти он ки ҳокимияти судӣ дар ташаккули давлатдорӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши ниҳоят муҳим дорад, дар робита ба ин бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013, 2015-2017 ва 2019-2021  қабул ва ба тасвиб расонида шуданд.

«Вазъи тағйирёбии ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки на танҳо халқу миллати тоҷик, балки тамоми сайёраро ба ташвиш овардаанд, мо, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, хусусан судҳоро, ки рисолати таърихии онҳо танҳо аз таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамзамон таъмини амнияти кишвар ва дастовардҳои дар замони истиқлолият касб кардаамон иборат аст, водор месозад, ки беш аз пеш ба масъалаҳои таъмини қонуният ва адолати судӣ, тарбияи кадрҳои кордону поквиҷдон ва дорои сатҳи баланди касбият диққати ҳамаҷониба дода, масъулияти ба зимма доштаамонро ҳамчун корманди ҳокимияти судӣ бошарафона дар назди халқу Ватан иҷро намоем»- изҳор дошт А. Шамсуллозода.

АКС:  АМИТ «Ховар»

Сентябрь 9, 2021 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ховалинг таъмиру навсозии беш аз 200 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Сокинони маҳаллаи Наврӯзи шаҳри Бӯстон бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд
Дар ҳудуди шаҳри Гулистон сохтмони меҳмонхона ва осоишгоҳу марказҳои солимгардонӣ идома доранд
Қитъаи муҳими роҳи Душанбе – Хоруғ – Қалъаихумб бо пулу нақб мавриди истифода қарор гирифт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Дар ВМКБ беш аз 1000 иншоот ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор гирифт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави истиқоматии 5-ошёна барои хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор доданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Парки технологии шаҳри Хоруғ коргоҳҳои истеҳсолии маҳсулоти гӯштӣ ва обҳои табиии ташнашиканро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаҳои биноҳои истиқоматӣ бо маркази хизматрасонию тиҷоратӣ, таваққуфгоҳи нақлиётӣ, меҳмонхона ва майдончаи варзишии кӯдакон шинос шуданд