Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Екатеринбург ботантана таҷлил гардид

Сентябрь 10, 2021 10:34

ДУШАНБЕ, 10.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бегоҳирӯзии 9 сентябр дар шаҳри Екатеринбург бо иштироки Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Зафар Сайидзода ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид. Дар  ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Консулгарии генералии ҶТ дар Екатеринбург хабар доданд.

Дар ин чорабинӣ 80 нафар роҳбарону фаъолони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониёни муқими чор вилояту ду округи мухтори минтақаи Урал  иштирок намуданд.

Дар назди ҳозирин Консули генералӣ Зафар Сайидзода, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов, муовини аввали раиси Шӯрои ҷамъиятии машваратии назди Консулгарии генералӣ Ёқуб Умаров, роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониёни муқими ҳавзаи консулӣ сухан гуфтанд. Аз ҷумла, Зафар Сайидзода дар бораи марҳалаҳои асосию дастовардҳои умдаи даврони Истиқлол ва ҳадафу вазифаҳои стратегии он, бахусус дар мавриди пешбурди  ҳаёту фаъолияти саодатмандонаи  ҳамватанони бурунмарзӣ изҳори назар кард.

Дипломати  тоҷик  ҳамаи ҳозиринро барои фаъолияти пурсамару қобили таҳсин дар арсаи таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди солиму комили ҷомеаи тоҷикистониён дар минтақаи Урал, афзоиши кумаки хайриявӣ ба муҳоҷирони ниёзманди ҳамватан дар шароити ҳамагири  Ковид-19, ҳифзи обрӯ ва татбиқи манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар қаламрави Русия бо Ифтихорномаи Консулгарии  генералӣ қадру сарфароз гардонид.

Дар ҷамъомади идона санъаткорони маҳаллии тоҷик бо барномаи ҷолиби консертӣ  хотири иштирокдоронро шоду болида гардониданд.

Аксҳо аз Консулгарии генералии ҶТ дар Екатеринбург

Сентябрь 10, 2021 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид