Ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикобод иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
ТОҶИКОБОД, 08.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Маҳмадҷонзода, раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода ва сокинони ноҳия бунгоҳи тиббии деҳаи Зарафшон, майдончаи бозии кӯдакону наврасони деҳаи Сари пул ва Боғи фарҳангии ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур намояндагони ҳукумат сокинони ноҳияро бо ин санаи муҳими таърихӣ табрик намуда, изҳор доштанд, ки дар таърихи халқу миллатҳои ҷаҳон рӯйдоду санаҳои муҳиме ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва мақому манзалати онҳо кам не, баръакс меафзояд. Барои мардуми шарафманди тоҷик чунин воқеаи фараҳбахши таърихӣ- рӯзи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ мебошад. Хушбахтона, имрӯзҳо сокинони сарзамини аҷдодии мо зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои истиқлолу озодӣ зиндагӣ намуда, дар пешрафти кишвари азизи хеш саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Тоҷикобод то ин давра боғи фарҳангӣ мавҷуд набуд. Хушбахтона, ба муносибати ин ҷашни таърихӣ дар маркази ноҳия боғи фарҳангӣ бунёд гардид. Ҳамчунин дар ин давра мушкилоти зиёди ноҳия, аз қабили мушкили оби нӯшокӣ, нарасидани ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ ва набудани бунгоҳҳои тиббӣ бартараф шуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 77 иншоотро ба нақша гирифта буд. То имрӯз бо дастгирии соҳибкорони бонангу номуси ватанӣ ва маблағгузории буҷети маҳаллӣ иншооти зиёд, аз қабили синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, минтақаҳои истироҳатӣ ва майдончаҳои варзишӣ ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин илова ба нақшаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Тоҷикобод зиёда аз 30 иншооти дигар мавриди истифода қарор гирифтанд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд






