Ба Тоҷикистон 100 ҳазору 800 воя ваксинаи «AstraZeneca» ворид гардид

Сентябрь 10, 2021 16:23

ДУШАНБЕ, 10.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шаби 9 сентябр аз ҷониби Олмон ба Тоҷикистон  100 ҳазору 800 воя ваксинаи «AstraZeneca» ҳамчун кумаки башардӯстона ворид гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Кумаки мазкур дар доираи ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) бар зидди бемории COVID-19 расонида шуд.

Маросими расмии қабули ваксинаҳо имрӯз,  10 сентябр дар Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон  ва шарикони рушд баргузор гардид.

Муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода зимни мулоқот бо намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон ба ҳукумати ин кишвар ҷиҳати таҳвили ваксинаи «AstraZeneca» ба мамлакат изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Ваксинаҳои мазкур дар анборҳои махсус нигаҳдорӣ шуда, дар асоси нақшаи пешбинишуда ба аҳолӣ гузаронида мешаванд.

Аксҳо аз Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 10, 2021 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн