Бо иштироки Маҳмадтоир Зокирзода дар ноҳияи Лахш фермаи чорвопарварӣ ва муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуданд
ЛАХШ, 19.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо иштироки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов ва дигар меҳмонону сокинон дар ҷамоатҳои деҳоти Сартало ва Ҷиргатоли ноҳияи Лахш бинои нави муассисаи таълимии рақами 9 ва фермаи чорвопарварӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин бора раиси дастгоҳи ноҳияи Лахш Икроми Хуршед ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни ин чорабиниҳои тантанавӣ сокинони ноҳияро бо 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, доир ба вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, тарбияи дурусти фарзандон, таъмини амнияти озуқаворӣ, дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба сокинони ҷумҳурӣ ва муҳайё намудани шароити таҳсил барои насли наврас мулоҳизаҳои судманд баён намуд.
Фермаи чорвопарварӣ дар Ҷамоати деҳоти Сартало дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корияшон ба ноҳияҳои минтақаи Рашт дода буданд, аз тарафи соҳибкор Алишер Азимов ба истифода дода шуд. Айни замон дар ин ферма 115 сар чорвои гӯштӣ, зотҳои маҳаллӣ, карпат ва чёрно-пёстрая парвариш ёфта истодаанд. Фермаи мазкур барои истеҳсоли гӯшт сохта шуда, метавонад ноҳияҳои минтақаи Раштро дар оянда бо гӯшти аълосифати чорво таъмин кунад.
Бинои муассисаи таълимии рақами 9 аз се ошёна иборат буда, дорои 420 ҷойи нишаст мебошад. Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Лахш Нуралӣ Сафаров гуфт, ки муассисаи мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии ноҳияи Лахш ва Вазорати маориф сохта шуда, синфхонаҳои фаннӣ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Ҳамчунин муассиса бо синфхонаи компютерӣ ва китобхонаи замонавӣ таъмин мебошад.
АКС аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд






