COVID-19. Дар Тоҷикистон 11 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд

Сентябрь 11, 2021 19:14

ДУШАНБЕ, 11.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 11 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 10 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 11 сентябр дар кишвар 17075 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16937 нафар (99,2%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 124 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 11, 2021 19:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲИССАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ГАРМШАВИИ ГЛОБАЛӢ ДАР САТҲИ ПАСТТАРИН АСТ». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои Маҷмаи умумии СММ суханронӣ намуданд
Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашуд
Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашуд
Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашуд
ИМРӮЗ – РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон аз ин минбари баланд барои истиқрори сулҳу субот дар ҷаҳон саҳм гузоштааст
Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашуд
45,2% шаҳрвандони Тоҷикистон бар зидди COVID-19 ваксина гирифтаанд
ТОҶИКОН ДАР АФҒОНИСТОН ЗИЁДАНД. Дар ин бора Президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи Клуби байналмилалии «Валдай» изҳори назар намуд
Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашуд
БОЯД ҲУКУМАТИ ФАРОГИР ТАШКИЛ КАРДА ШАВАД. Инро дар изҳороти худ иштирокчиёни ҷаласаҳо дар Душанбе ва Москва оид ба Афғонистон зикр намуданд
ЗАМИНҲОИ ХУДСАРОНА ИШҒОЛШУДА МАВРИДИ АВФ ҚАРОР НАМЕГИРАНД. Шарҳи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар ин маврид
Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашуд