Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар Мурғоб дарвоза сохта шуд
ДУШАНБЕ, 08.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ноҳияҳои баландкӯҳи Тоҷикистон –ноҳияи Мурғоб соҳиби дарвоза гардид.
Тавре аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар доираи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, ки дар мавриди татбиқи Нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ роҳбарии Комиссияи ҳукуматии ноҳияи Мурғобро ба уҳда дорад, дар якҷоягӣ бо раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода дар даромадгоҳи ноҳияи Мурғоб дарвозаи ноҳия ва се синфхонаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1 ва 14-ро, ки аз таъмири асосӣ бароварда шудаанд, мавриди истифода қарор доданд.
Инчунин 55 номгӯй либоси мактабӣ ба хонандагони ниёзманд супорида шуд.
Дар даромадгоҳи дарвозаи ноҳияи Мурғоб, ки яке аз минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, муҷассамаҳои ҳайвоноти нодири Тоҷикистон, аз ҷумла бабри барфӣ гузошта шудаанд. Дарвозаи даромадгоҳи ноҳияи Мурғоб ва синфхонаҳо бо маблағгузории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду таъмир ва бо тамоми ашёву лавозимоти замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд. Инчунин ба 55 нафар хонандагони ниёзманд либоси мактабӣ тақдим гардид. Ҳамзамон дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаи Кунақурған бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб бо ҷалби сокинони ҷамоат толори варзишӣ ба истифода дода шуд.
Аксҳо аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ










Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд






