Дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич бинои иловагии таълимӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 19.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Басмандаи Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42 мавриди истифода қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Бинои иловагии мактаб, ки сохтмони он дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда буд, ба тариқи ҳашар ва дастгирии соҳибкорону саховатмандон бунёд гардид.
Бинои мазкур аз 8 синфхонаи иловагӣ ва маҷлисгоҳ иборат буда, барои 200 хонанда пешбинӣ шудааст. Маблағи умумии корҳои сохтмонӣ 1 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аҳли деҳа ва шахсони саҳоватпеша, аз қабили Ҳайитбой Юсуфов, Акрам Акрамов, Бобоҷон Бобоев, Мирҳомид Комилов, Акрам Ҳалимов дар бунёди ин бино саҳми арзанда гузоштанд. Дар бунёди синфхонаи иловагӣ инчунин омӯзгорони муассисаи таълимӣ фаъолияти назаррас нишон доданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд






