Дар Душанбе ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба маблағгузории Стратегияи миллии Рушд ва Ҳадафҳои рушди устувор доир гардид

Сентябрь 1, 2021 13:20

ДУШАНБЕ, 01.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба маблағгузории Стратегияи миллии Рушд /СМР/ барои то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувор /ҲРУ/ дар назди Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба маблағгузории СМР 2030 ва ҲРУ масъалаҳои фаъолияти он, тадбирҳои минбаъда бо мақсади муайян намудани механизму равишҳои нави маблағгузории афзалиятҳои кишвар, ҳадаф ва вазифаҳои гурӯҳи корӣ, уҳдадориҳои аъзои гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифанд.

Зикр гардид, ки дар шароити рақобати шадид барои захираҳои молиявӣ ва сармоягузорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки барои диверсификатсияи маблағгузории дохилӣ ва инчунин

истифодаи воситаҳои гуногуни ҷалби онҳо тамоми шароитро фароҳам орад. Иштироккунандагони ҷаласаи якум масъалаҳои робитаи банақшагирӣ ва буҷетикунонӣ, инчунин роҳҳои минбаъдаи такмили ду механизми рушдро баррасӣ карданд.

Илова бар ин, иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки бо ташаббусҳои мухталифи СММ дар Тоҷикистон, ки ба беҳтар намудани масъалаҳои маблағгузорӣ равона шудаанд, аз ҷумла бо ташаббуси «Маблағгузории ҲРУ дар Тоҷикистон», ки соли 2020 роҳандозӣ гардидааст ва аз ҷониби Фонди СММ оид ба ҲРУ дастгирӣ мешавад, шинос шаванд. Ҳадафи барнома дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба афзалияти миллӣ ва ҲРУ тавассути дастгирии сохтор, сиёсат ва низоми ҳамгироии захираҳо мебошад.

Бо мақсади такмили низоми мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ оид ба татбиқи барномаҳои миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллии рушд ва ҲРУ Котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ ташкил медиҳад, ки аъзои он аз намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, агентиҳо, кумитаҳо, ташкилоти ҷамъиятӣ, инчунин шарикони рушд иборат мебошанд. 14 гурӯҳи кории Шӯрои миллии рушд мувофиқи самтҳои соҳавӣ ва инчунин самтҳои рушд фарогири афзалияти СМР 2030 ва ҲРУ ташкил карда мешаванд.

 Аксҳо аз  Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

 

Сентябрь 1, 2021 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Остона масоили омодагӣ ба Саммити минтақавии экологӣ баррасӣ гардид
Соли 2025 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 8 миллиарду 295,6 миллион доллар молу маҳсулот ворид карда шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба риояи талаботи қонунҳои миллӣ ҳамоиш доир гардид
Дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дафтари минтақавии рушди таҳвилгарон ва содирот таъсис дода мешавад
Аз ҷониби Вазорати молияи Тоҷикистон 65 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар Хатлон дар 2495,7 гектар гармхонаи доимӣ ва мавсимӣ сабзавот кишт карда шуд
«MADE IN IRAN». Дар Душанбе Намоишгоҳи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад
Соли 2025 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 115,7 фоиз иҷро гардид
То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 325 миллиард сомонӣ расонида мешавад
ПЕШГИРИИ ОҚИБАТҲОИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар Тоҷикистон майдони дарахтони саксавул ва павловния васеъ мегардад
Дар Тоҷикистон шумораи истифодабарандагони интернет 5,2 миллион нафарро ташкил медиҳад