Дар Душанбе оид ба тақвияти ҳамкорӣ дар самти таъмини бехатарии озуқаворӣ мулоқот доир гардид
ДУШАНБЕ, 28.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Оид ба тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти таъмини бехатарии озуқаворӣ имрӯз мулоқоти раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода бо Ҳамоҳангсозии доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Сезан Синаноғлу баргузор шуд, хабар доданд аз маркази матбуоти Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ба АМИТ «Ховар».
Дар мулоқот Муҳаммадсаид Файзуллозода изҳор намуд, ки шароити кунунии ҷаҳони муосир талаб менамояд, то ҳамкорӣ дар самти таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ дар ин самт боз ҳам вусъат бахшида шавад.
Дар асоси пешниҳоди СММ ва супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2020 бо ҷалби шарикони рушд, намояндагони вазорату идораҳо, олимону мутахассисон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар намояндагони воситаҳои ахбори омма дар шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ муколамаҳои Саммити низоми озуқаворӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ оид ба амнияти озуқаворӣ ва таъмини бехатарии он, инчунин сохтани нақшаи амали низоми озуқаворӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила баргузор гардид, ки дар асоси он лоиҳаи «Барномаи миллии муассири низоми озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» таҳия гардид.
Татбиқу амалигардии лоиҳаи барномаи мазкур дар заминаи дастгирии шарикони рушд барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва иҷрои яке аз ҳадафҳои афзалиятноки стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар оянда хизмат намояд.
АКС: Кумитаи бехатарии озуқаворӣ








Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд
Нишасти Кумитаи пайгирии иҷрои Протоколи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон баргузор гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маркази логистикӣ таъсис дода мешавад
Ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникӣ доир мегардад
Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид






