Дар Хатлон дар ҳашт моҳ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 12,1 миллиард сомонӣ расонида шуд

Сентябрь 19, 2021 08:31

ДУШАНБЕ, 19.09.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Дар вилояти Хатлон давоми ҳашт моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 12,1 миллиард сомониро ташкил дода, дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 106,1 фоиз баробар гардид. Афзоиши маҷмӯи умумии маҳсулот дар соҳаи растанипарварӣ 106,2 фоиз ва чорводорӣ 105,4 фоиз таъмин карда шуд, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».

Дар маҷмӯи умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ ҳиссаи вилояти Хатлон 50,5 фоизро ташкил дод.

Ҳамчунин дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корам солҳои 1991-2020 майдони кишти гандум 2,1 маротиба, шолӣ 2,3 маротиба, лӯбиёгиҳо 2,4 маротиба, ҷуворимакка барои дон 2,6 маротиба, картошка 2,9 маротиба, сабзавот 3,5 маротиба ва полезӣ 2,1 маротиба зиёд гардида, ҳосилнокии онҳо аз 2 то 5 баробар афзоиш ёфтааст.

Дар иқтисодиёти вилоят яке аз самтҳои афзалиятноку калидӣ соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад ва кишоварзони вилоят дар миқёси ҷумҳурӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру ба содирот пешбинишуда ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми босазо доранд.

АКС:  шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

Сентябрь 19, 2021 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд