Дар Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 09.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён ва Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода дар ҷамоатҳои деҳоти Сомон, Хонақоҳи Кӯҳӣ, Мирзо Ризо, Деҳқонобод, ба номи Мирзо Турсунзода ва Ҷамоати шаҳраки Ҳисор иншооти гуногуни ҷашнӣ мавриди баҳрабрадорӣ қарор дода шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.
Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён ва Раиси шаҳри Ҳисор дар деҳаи Обшорон поя бо нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 ифтитоҳ намуда, дар шафати муассиса майдони варзишии футбол ва толори варзишро мавриди истифода қарор доданд.
Ба муовини Сарвазир иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкурро соҳибкори маҳаллӣ Қурбоналӣ Ҷабборов бунёд ва ба мактабе, ки худ низ дастпарвари он аст, чун армуғони ҷашнӣ туҳфа намудааст.
Дар деҳаи Шӯроби Афғони Ҷамоати деҳоти Сомон инчунин толори варзишии иборат аз ду майдонча, ки бо саҳми сокини деҳа Комил Холов бунёд ёфтааст, ба истифода супорида шуд. Сокинони деҳаи Нилуи Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ дар ҷои собиқ бинои садамавии мактаб бинои нави иборат аз 12 синфхонаро бо 360 ҷойи нишаст ва як утоқ барои омӯзгорон бо усули ҳашар бунёд намуданд.
Дар расми кушодашавии он муовини Савазир ва Раиси шаҳр иштирок карда, дар суҳбат бо сокинони деҳа барои сохтмони мактаб, ки бо сифати баланд бунёд ёфтааст, арзи сипос намуда, ба раиси кумитаи маҳалла ва роҳбари муассиса Сипосномаи Раиси шаҳрро тақдим намуданд. Соҳибкор Баҳрулло Ҷабборов дар заминҳои бекорхобидаи шафати дарёи Чангоб, деҳаи Чангоби Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи кӯҳӣ Маҷмааи варзишии иборат аз майдони футбол бо 1000 ҷойи нишаст ва толори варзишӣ бунёд намуда, дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба ҷавонони дараи Алмосӣ армуғон намудааст.
Муовини Сарвазир дар чорабинии идонаи сокинони Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ, ки бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳамин мавзеъ баргузор гардид, иштирок намуда, ба самъи сокинони он таманниёти Пешвои муаззами миллатро ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатӣ расонид.
Зимни сафари корӣ ба Ҳисор муовини Сарвазир дар деҳаи Сурхакчашмаи Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо бунгоҳи тиббӣ, утоқи корӣ барои раиси кумитаи маҳалла ва мағозаи хӯрокворию ашёи рӯзгор, дар деҳаи Деҳқонободи Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод коргоҳи дӯзандагӣ ва атласу адрасбофӣ ва дар деҳаи Баракати Ҷамоати деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода клиникаи хусусиро, ки барои табобати бемориҳои физиотерапевтӣ, аз ҷумла бемориҳои сутунмӯҳра пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд. Дар кӯчаи Султон Раҷабови Ҷамоати шаҳраки Ҳисор ба фаъолияти Маркази савдои техника ва ашёи маишии рӯзгор, ки аз кишварҳои пешрафтаи Аврупою Осиё ворид карда мешаванд, оғози расмӣ бахшида шуд. Харидорон аз мағозаи мазкур ба тариқи нақдӣ ва ғайринақдӣ, инчунин қарзҳои муҳлатнок имкон доранд ашёи заруриашонро харидорӣ намоянд. Ҳамчунин дар шафати маркази савдои мазкур мағозаи савдои либосҳои мардонаи «Элегант», ки маҳсулоти он аз Туркия ворид мешавад, мавриди истифода қарор гирифт. Аснои шиносоӣ бо корҳои ободонию созандагӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот муовини Сарвазир Матлубахон Сатториён бо аҳолӣ мулоқот намуда, онҳоро бо фарорасии ҷашни истиқлолият табрик намуда, ба соҳибкорон дар амалишавии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, татбиқи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бартараф кардани мушкилоти мардум дар деҳот мусоидат менамояд, ҳамчунин саҳми муносиб гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ арзи сипос намуда, соҳибкорон, фаъолони маҳаллаву деҳотро бо Сипосномаи Раиси шаҳр қадрдонӣ кард.
Дар шаҳри Ҳисор ба ифтихори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша 866 иншооти таъйиноташон гуногун, ки фаъолияти бештарашон ба самти иҷтимоӣ нигаронида шудааст, бунёд меёбанд. Аз ин шумора то имрӯз 752 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.













СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид






