Дар маркази Кӯлоб бо иштироки ҷузъу томҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ паради ҳарбӣ баргузор гардид

Сентябрь 7, 2021 15:03

ДУШАНБЕ, 07.09.2021 /АМИТ«Ховар/. Имрӯз дар маркази шаҳри Кӯлоб  бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 5 ҳазор нафар ҷузъу томҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоти «Ҳомиёни Ватан», «Сипарони Ватан» ва захираи сафарбарӣ паради ҳарбӣ доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.

Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода зимни баргузории паради ҳарбӣ зикр дошт, ки «имрӯз ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо тамоми лавозимоту техникаи ҳарбӣ таъмин гардиданд.  Айни ҳол маҳорати ҷангӣ ва қобилияти касбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, дар машқҳои муштарак байни Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба натиҷаҳои баландтарин даст ёфтанд. Барои тарбияи кадрҳои ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Академияи ҳарбӣ, донишгоҳ ва коллеҷҳои ҳарбӣ ташкил шудаанд, ки имрӯз ин кадрҳо дар соҳаҳои гуногуни Артиши миллӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ хизмат менамоянд. Аз ҷумла, дар шаҳри Кӯлоб низ бо дастгириву ҳидоятҳои Пешвои миллат Коллеҷи милитсияи назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд, ки ба ҳайси тарбиятгирандагони он дар баробари писарон духтарон низ дарси шуҷоату ватандӯстӣ меомӯзанд».

Ҳамчунин зикр гардид, ки давоми 30 соли охир борҳо сарбозон садоқати худро ба савганди ҳарбӣ собит сохта, баҳри ҳимояи Ватан сина сипар намуданд. Дар ин роҳ садҳо ҷавонмардони бонангу номуси Ватан ҷони худро фидо карданд, ки хотираи онҳо ҳамеша пос дошта мешавад.

«Имрӯз, хушбахтона, аз баракати сиёсати созандаи Пешвои миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои ваҳдати миллӣ ва оромиву хушбахтии комил истиқбол гирифта истодаем. Баҳри ҳимояи ин дастовардҳо мебояд аз гузашта хулоса бароварда, ҳушёру зирак бошем, Ватани худро дӯст дорем ва ба савганди ҳарбии худ содиқ бимонем»,-иброз намуд Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода.

 АКС аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Сентябрь 7, 2021 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд беш аз 13 ҳазору 300 иншоот ва биноҳои нав ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад