Дар ноҳияи Ёвон қариб 200 нафар аз кумакҳои моддӣ бархурдор гардиданд
ЁВОН, 30.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ба 200 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат кумакҳои моддӣ расонид. Аз ҷумла, ба 6 нафар куҳансолон дар манзилҳои истиқоматияшон туҳфаҳои молиявии ҳукумати ноҳия тақдим карда шуданд, иттилоъ доданд аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар ноҳияи Ёвон пирони рӯзгордидае зиёданд, ки кору пайкор, кӯшишу ғайрат ва рӯҳи шикастнопазири онҳо барои наслҳои имрӯзу фардо сабақи зиндаи зиндагист. Месазад, ки ҳар рӯзу ҳар соат ба аёдату зиёрати ин қабил ашхоси рӯгордида ва пастию баландиҳоро санҷида рафта, аз онҳо дарси одамгарӣ, дардошноӣ, фидокорӣ ва ватандорӣ омӯзем.
Дар арафаи ин ҷашни таърихӣ муовини раиси ноҳияи Ёвон Гулрухсор Саидзода ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳия Қутбиддин Сафархолов ба аёдати собиқадорони сохторҳои гуногун Чила Воҳидов, Саттор Қодиров, Ҷурахон Фатҳуллоев, Аслонхон Раҳмонов, Тоҳир Кавраков ва Субҳон Нуров рафта, онҳоро бо ҷашни сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, ба онҳо туҳфаҳои ҳукумати ноҳияро тақдим карданд.
Суҳбати ҳар кадоме аз ин собиқадорон моломол аз самимият, саршор аз панду насиҳат ва пур аз эҳсоси гарми ватандӯстию ватандорӣ буд. Ҳамаи онҳо ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос ва миннатдорӣ намуда, аз сидқи дил дуои нек доданд, то сулҳу суботи ҷомеа бегазанду пойдор бимонад ва Тоҷикистони азиз ба қуллаҳои баланди тараққию таҷаллӣ бирасад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






