Дар шаҳри Кӯлоб барои зарардидагони офати табиӣ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 19.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷашни миллии 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ҳамкории дуҷонибаи байналмилалӣ миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Агентии Оғохон оид ба муҳити зист барои зарардидагони офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон боз як хона бо тамоми шароит ба истифода дода шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар маросими ба истифода додани хонаи нави истиқоматӣ барои зарардидагони офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Рустам Назарзода ва Сарвари Агентии Оғохон оид ба муҳити зист Ҳодӣ Ҳусайнӣ ширкат карданд.
Соҳибони хонаи нав ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Агентии Оғохон оид ба муҳити зист барои кумак ва расидагӣ ба мушкилашон изҳори сипос намуданд.
АКС: КҲФ ва МГ








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






