Дастаи футболи шаҳри Бохтар дар ҷамъбасти мусобиқаи вилоятӣ сазовори ҷойи якум ва Ҷоми ҲХДТ гардид
ДУШАНБЕ, 29.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар даври навбатии Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ миёни шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар сурат гирифт. Дар натиҷаи мусобиқа дастаи футболбозони шаҳри Бохтар ҷойи якум, ноҳияи Ёвон ҷойи дуюм ва шаҳри Левакант ҷойи сеюмро ишғол карда, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Тавре аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи мазкур аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ роҳандозӣ гардида, ҷиҳати таҳким бахшидан ба тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонону наврасон мусоидат мекунад.
Дар ҷамъбасти мусобиқаи вилоятӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён ва намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон иштирок намуданд.
Қиёмиддин Миралиён иброз дошт, ки «бозии футбол бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ роҳандозӣ гардида, ҳадафи он ривоҷ додани футбол дар сатҳи маҳал ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин чорабинии мазкур бо ҳадафи мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ миёни ҷавонону наврасон, таъмини бевоситаи иҷрои «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017- 2021» ва «Барномаи махсуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи рушди футбол дар сатҳи деҳоту маҳаллаҳои мамлакат барои солҳои 2021-2024» роҳандозӣ гардидааст».
Иштирокчии футбол аз шаҳри Левакант Муродалӣ Зубайдов, ки ҷойи сеюмро ба даст овардааст, мегӯяд, ки бо омодагии хуб дар даври вилоятӣ иштирок дошт ва хурсанд аст, ки ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, ташкили чунин чорабиниҳои варзишӣ барои ҷавонону наврасон аз манфиат дур нест, зеро ба солимии онҳо мусоидат мекунанд.
“Бояд ҳамин гуна бозиҳои варзишӣ зиёд гузаронида шаванд, зеро ҷавонон машғули бозӣ шуда, ба корҳои беҳуда даст намезананд. Хушбахтона, имрӯзҳо қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, хусусан дар деҳотҷойҳо майдончаҳои варзишӣ сохта шудааанд ва қишрҳои гуногун, махсусан наврасону ҷавонон аз онҳо истифода мебаранд”, – иброз дошт Зубайдов.
Дар мусобиқа ба дастаи футболи шаҳри Бохтар, ки ҷойи аввалро ишғол кард, Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон супорида шуда, ба дастаҳои футболбозони ноҳияи Ёвон ва шаҳри Левакант, ки ҷойи дуюм ва сеюмро ба даст оварданд, медал ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.
Мусобиқаи мазкур миёни дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҷараён дорад.
АКС аз ҲХДТ








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






