Дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар давраи 30-соли Истиқлолияти давлатӣ баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 25.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар давраи Истиқлолият» ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид, ки дар он олимону муҳаққиқон, коршиносон, шарикони иҷтимоӣ ва рушд, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, инчунин олимону муҳаққиқон ва коршиносон аз хориҷи мамлакат тариқи фосилавӣ иштирок намуданд.
Муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдуғаффор Раҳмонзода зимни ифтитоҳи ҳамоиш зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатӣ марҳилаи азими созандагиро пушти сар намуда, бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои ҷумҳурӣ аз оғоз бо тарҳи наву ҳадафҳои ҷадид ташаккул ва такомул дода шуд. Ин иқдомот дар самтҳои фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз таъсиси низоми қонунгузории соҳавӣ оғоз шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба муносибатҳои меҳнатӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, рушди роҳнамоии касбӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон, паст кардани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ, муҳоҷирати аҳолӣ, барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон ва дигар самтҳои фаъолият қабул гардиданд.
Ҳамоиш аз чор бахш иборат буд, ки марбут ба самтҳои фаъолияти вазорат аз ҷумла, ташаккули бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, танзими равандҳои муҳоҷират дар давраи Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими муносибатҳои меҳнатӣ, ҳифзи меҳнат ва шарикии иҷтимоӣ дар замони истиқлолият, рушди таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва ҳунарҳои мардумӣ буданд.
Дар ҷараёни кори ҳамоиш олимону коршиносон ва муҳаққиқон бо маърӯзаҳои илмӣ доир ба рушди муносибатҳои иҷтимоӣ – меҳнатӣ, танзими раванди муҳоҷират низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва алоқамандии он ба бозори меҳнат, сохтори шуғли захираҳои меҳнатӣ дар шароити технологияи инноватсионӣ, рушди соҳибкорӣ дар соҳаи ҳунармандӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ таҳлилҳо ва пешниҳодҳои худро барои тақвияти фаъолият манзур намуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиши илмӣ-амалӣ аз ҷониби иштирокдорон доир ба рушди минбаъдаи соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, афзалияти он ва зарурати татбиқи усулҳои муосири идоракунии соҳа тавсияҳо қабул шуданд.
АКС аз АМИТ «Ховар»










Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст






