ФУТБОЛ. Бозиҳои даври бистуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд
ДУШАНБЕ, 21.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври 20-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз шуда, то 22 сентябр идома меёбанд. Дар ин давр дастаҳои футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо КМВА-и шаҳри Душанбе, «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан байни ҳам рақобат мекунанд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Чанд рӯз пеш бозиҳои даври нуздаҳуми марҳилаи сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор гардиданд. Дар ин давр дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бар дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Голҳоро Шервонӣ Мабатшоев ва Ваҳдат Ханонов ба нишон расониданд. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби калони 5:0 дастаи «Душанбе»-и шаҳри Душанберо мағлуб кард. Дар ин бозӣ Дилшод Бозоров ду гол, Далер Ёдгоров, Комрон Турсунов ва Артём Сердюк якголӣ заданд.
Дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар бозии хонагӣ бар дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаро Шаҳзодҷон Маъмурҷонов ба ҳадаф расонид. Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар майдони худ ба дарвозаи дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ се голи беҷавоб зад. Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаҳои охири нимаи аввал ҳисобро кушод. Ҳамдастаҳояш Жан Гатен НД ва Худойдод Узоқов дар нимаи дуюм ҳисобро афзуданд.
Ниҳоят дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ аз дастаи КМВА бо ҳисоби 1:2 мағлуб гардид. Ба голҳои задаи бозингарони артиш Фатҳулло Фатҳуллоев ва Сайёди Ковусшоҳ бонкчиҳо тавонистанд тавассути Ҷаҳонгир Эргашев бо як гол ҷавоб диҳанд.
Ҳамин тариқ, дар ҷадвали мусобиқа тағйирот ба амал наомад. Мисли пеш дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар ҷои аввал, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар ҷои дуюм ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.
| ҶОЙ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х |
| 1 | «Истиқлол»(Душанбе) | 18 | 14 | 3 | 1 | 55-7 | 45 |
| 2 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 18 | 11 | 2 | 5 | 38-19 | 35 |
| 3 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 19 | 8 | 5 | 6 | 22-19 | 29 |
| 4 | КМВА (Душанбе) | 19 | 7 | 6 | 6 | 24-24 | 27 |
| 5 | «Хатлон»(Бохтар) | 19 | 7 | 5 | 7 | 21-24 | 26 |
| 6 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 19 | 7 | 3 | 9 | 27-33 | 24 |
| 7 | «Равшан» (Кӯлоб) | 19 | 5 | 8 | 6 | 18-22 | 23 |
| 8 | «Душанбе» (Душанбе) | 19 | 4 | 6 | 9 | 20-42 | 18 |
| 9 | «Файзканд» (Восеъ) | 19 | 4 | 5 | 10 | 13-25 | 17 |
| 10 | «Кӯктош» (Рӯдакӣ) | 19 | 3 | 5 | 11 | 22-45 | 14 |
АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон








БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд






