САРВАЗИРИ ПОКИСТОН ИМРОН ХОН ГУФТУШУНИД БО ТОЛИБОНРО ОҒОЗ КАРД. Вай гуфт, ки ба ин кор пас аз гуфтугӯи тӯлонӣ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иқдом намудааст

Сентябрь 20, 2021 13:23

ДУШАНБЕ, 20.09.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Покистон ба муколама бо аъзои ҳаракати “Толибон”-и радикалӣ* оид ба таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон шурӯъ кард. Дар ин бора Сарвазири ҷумҳурӣ Имрон Хон дар Твиттер хабар дод.

Вай зикр намуд, ки ба ҳайати ҳукумати Афғонистон бояд намояндагони миллатҳои гуногун шомил шаванд.

 Имрон Хон таъкид кард, ки музокиротро бо ҷангҷӯён дар бораи тағйири ҳукумати Афғонистон пас аз мулоқот бо роҳбарони кишварҳои ҳамсояи ҷумҳурӣ ва «хусусан пас аз мубоҳисаи тӯлонӣ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон» оғоз кардааст.

«Ман аллакай бо толибон оид ба таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо иштироки тоҷикон, ҳазораҳо ва узбекҳо ба муколама оғоз кардам», — таъкид кард ӯ.

Сарвазири Покистон гуфт, ки чунин таркиби девони вазирон ба истиқрори сулҳу субот дар ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард. Вай афзуд, ки тағйирот на танҳо ба манфиати Афғонистон, балки тамоми минтақа мебошад.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, 17 сентябр дар мулоқот дар Душанбе Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Покистон Имрон Хон дар бораи ташкили музокирот байни толибон ва намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд. Сарвари Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ оид ба натиҷаҳои гуфтушунид бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон, аз ҷумла, иброз доштанд, ки тоҷикон ва дигар қавмҳо бояд дар ҳукумати фарогир ҷойгоҳи сазовор дошта бошанд.

«Танҳо бо ин роҳ метавон сулҳу субот дар Афғонистонро таъмин намуд»,- гуфт ӯ.

АКС аз манбаъҳои боз 

_________________________

* Толибон —  ҳаракати радикалие, ки дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳо мамнуъ аст.

Сентябрь 20, 2021 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид