Имрӯз Президенти Тоҷикистон дар иҷлоси Маҷмаи умумии СММ суханронӣ мекунанд

Сентябрь 23, 2021 09:32

ДУШАНБЕ, 23.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси 76-уми Маҷмаи умумии СММ, ки дар ин рӯзҳо дар Ню-Йорк ҷараён дорад, тавассути видеоконфронс суханронӣ мекунанд. Сарвари давлат андешаҳои худро оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳон ва роҳҳои ҳалли онҳо манзур хоҳанд кард. Аз ҷумла, он кас мавқеи расмии кишвари моро оид ба Афғонистон муайян  менамоянд.

Қаблан Сарвари давлати мо доир ба вазъи Афғонистон ҳанӯз 22 июл ибрози назар намуда буданд. Он кас таъкид намуданд, ки ахиран вазъ дар ин кишвар, мутаассифона, боз ҳам мушкилтар ва фоҷиабортар гардида, боиси нигаронии ҷиддӣ дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон шудааст.

25 августи соли равон Президенти Тоҷикистон мавқеи кишвари моро дақиқтар ва возеҳтар баён карданд. Сарвари давлати мо гуфтанд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти амнияти сиёсии кишвари ҳамсоя бо иштироки ҳамаи ақаллияти миллӣ, аз ҷумла тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46% -ро ташкил медиҳанд, ҳукумати фарогир ташкил кардан зарур аст.

«Тоҷикистон ҳеҷ як ҳукумати дигареро, ки дар ин кишвар тавассути зулм ва таъқиб, бе назардошти мавқеи тамоми мардуми Афғонистон, хусусан тамоми ақаллияти миллии он таъсис ёфтааст, эътироф намекунад»,- иқтибос меоварад суханони Эмомалӣ Раҳмонро АМИТ «Ховар».

Сарвари давлат афзуданд, ки тоҷикон бояд дар ҳукумати ояндаи Афғонистон мавқеи шоистаро ишғол намоянд.

Ёдовар мешавем, ки иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии СММ 14 сентябр ба кори худ оғоз кард. Мавзӯи ҷаласа «Таҳкими устуворӣ дар ҳаёт бо боварӣ ба беҳтаринҳо» мебошад. Дар доираи иҷлосия рӯзҳои 21-27 сентябр Ҳафтаи сатҳи баланд баргузор мешавад: 150 нафар сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва мақомоти корҳои хориҷӣ дар муҳокимаи мушкилоти мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ иштирок мекунанд. Миёни ин масоил яке аз муҳимтаринҳо вазъи Афғонистон аст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 23, 2021 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»