Имрон Хон: «Тоҷикистону Покистон кӯшиш мекунанд низоъ байни тоҷикон ва Толибонро дар Панҷшер ҳаллу фасл намоянд»

Сентябрь 17, 2021 21:49

ДУШАНБЕ, 17.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Сулҳу субот дар Афғонистон на танҳо барои Покистон ва Тоҷикистон, балки барои мардуми муддати дароз азияткашидаи афғон, ки тӯли 40 сол онҳо ҷангро аз сар гузаронида истодаанд, ниҳоят муҳим мебошад», — таъкид намуд имрӯз Сарвазири Покистон Имрон Хон дар нишасти хабарӣ пас мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

«Яке аз масъалаҳое, ки Покистон ва Тоҷикитстонро нигарон кардааст, ин масъали низоъ дар Панҷшер байни тоҷикон ва Толибон мебошад», — гуфт Имрон Хон.

Сарвазири Покистон иттилоъ дод: «Дар мулоқот ба мувофиқа расидем, ки  Ҷаноби Олӣ (Эмомалӣ Раҳмон – тавзеҳи АМИТ «Ховар») аз ҷониби тоҷикон ва мо (Сарвазири Покистон — тавзеҳи АМИТ «Ховар») аз ҷониби паштунҳо, ё Толибон* кӯшишҳои заруриро ба харҷ медиҳем, ки масъалаи Панҷшер тавасути муколама ҳалу фасл гардад».

Бояд зикр намуд, ки имрӯз зимни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Тоҷикистон ва Покистон ба мувофиқа расиданд, ки тамоми кӯшишҳои худро барои расидан ба ин ҳадафҳо сафарбар хоҳанд кард.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти хабарӣ зикр намуданд, ки зимни баррасии вазъи имрӯзаи минтақа қазияи Афғонистон дар маркази диққат ҷонибҳо  қарор дошт.

Дар нишасти хабарӣ таъкид  намуданд, ки вазъи кунунӣ дар он кишвар нигаронкунанда арзёбӣ мегардад.

«Мо, ҳамсоякишварҳои Афғонистон ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвари азиятдида беш аз ҳама манфиатдорем ва ба  эҳёи иқтисоди миллии Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоем», — гуфтанд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Дар ин зимн, изҳори умед карда шуд, ки  сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя ҳарчӣ зудтар барқарор гардида, манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои сиёсиву қавмӣ дар Афғонистон ба эътибор гирифта мешаванд. «Мо ҷонибдори ҳукумати фарогир дар он кишвар бо иштироки намояндагони тамоми гуруҳҳои иҷтимоӣ мебошем», — гуфтанд Сарвари давлати Тоҷикистон.

Ҳамзамон мо таъкид  карда шуд, ки дар ҳукумати фарогир мебояд тоҷикон ва дигар қавмиятҳо ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

«Ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза мебошанд»,-  изҳор доштанд  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.

«Мо ба ифоқа расидем, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни Толибон ва тоҷикон мусоидат хоҳем намуд»,- зикр намуданд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Пайрав Қосим,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти ҶТ/АМИТ «Ховар»

_________________________________________

*Толибон – ташкилоти террористии мамнуъ дар Тоҷикистон

Сентябрь 17, 2021 21:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид