Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории минбаъда Ёддошти тафоҳуми давравӣ ба тасвиб расониданд
ДУШАНБЕ, 27.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон оид ба ҳамкорӣ миёни иттифоқҳои касабаи ҳарду давлат Ёддошти тафоҳуми давравӣ ба тасвиб расониданд, ки санади мазкур барои тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба мусоидат хоҳад кард, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.
Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани Изҳороти муштараки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев оид ба таҳкими дӯстӣ ва некуҳамсоягӣ, ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба, рушди робитаҳои мустақим ва табодули таҷрибаи иттифоқҳои касаба аз 9 марти соли 2018 ҳайати Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо роҳбарии сарвари ин ниҳод Маликшо Неъматзода бо даъвати раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон 24-26 сентябри имсол ба Ҷумҳурии Узбекистон сафари корӣ анҷом дод.
Дар доираи сафар раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон Қудратилла Рафиқов, роҳбарони иттифоқҳои касабаи соҳавӣ мулоқотҳои судманд анҷом дод.
Маликшо Неъматзода иштирокчиёни ҳамоиш ва кулли аъзои Иттифоқҳои касабаи Узбекистонро ба муносибати 30 -солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Узбекистон табрик гуфта, ба ҳозирин оид ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои ин даврони давлатсозии миллии кишварамон таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот пешниҳод намуд.
Дар доираи сафари корӣ ҳайати Тоҷикистон бо фаъолияти кории Иттифоқҳои касабаи Узбекистон шинос шуда, аз Технопарки шаҳри Тошканд, ки 16 корхонаи истеҳсолиро дар бар мегирад, дидан намуд.
Ҳамзамон зимни сафар ҳайати Тоҷикистон бо нишони эҳтирому поси хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар Боғи ғалабаи шаҳри Тошканд ба пояи Муҷассамаи модар гулчанбар гузошт.
Ёдовар мешавем, ки зимни мулоқоти расмӣ бо роҳбарияти Федератсияи иттифоқҳои касабаи Узбекистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирок намуд.
АКС: ФИКМТ








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад






