Мухолифати Олмон ба номаи «Толибон» ба СММ
ДУШАНБЕ, 23.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас ба суханронии намояндаи ҳаракати тундрави»Толибон»* дар Ҳафтаи сатҳи баланди иҷлоси 76 -уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид мухолифат кард. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, Вазири корҳои хориҷии Омон дар ин бора 22 сентябр дар Ню-Йорк изҳори назар намуд.
«Ман фикр намекунам, ки ҳузури онҳо [толибон] дар Созмони Милали Муттаҳид манфиатбахш аст», гуфт Маас. Ӯ зикр кард, ки ҳоло барои толибон муҳим аст, ки ба риояи ҳуқуқҳои инсон, бахусус занон эҳтиром гузоранд, аз гурӯҳҳои террористӣ ба таври возеҳ фарқ кунанд ва инчунин намояндагони дигар ақаллияти маскунро ба ҳукумати фарогир шомил намоянд.
«Аз нигоҳи ман, суханронӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид <…> барои пешрафти воқеӣ дар ин масъала асоси муносиб нест», -тазаккур дод Маас.
Рӯзи сешанбе, 21 сентябр, сухангӯи Дабири кулли СММ Стефан Дюжаррик ба ТАСС гуфт, ки “Толибон”* ба СММ бо дархости сухан кардан дар Ҳафтаи сатҳи баланди иҷлоси 76 -уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат намудаанд.
Тавре қаблан АМИТ “Ховар” хабар дода буд, Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас аз Тоҷикистон дидан карда, бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуд. Зимни мулоқот масъалаҳои сиёсию амниятӣ дар Афғонистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ин мулоқот 30 августи соли равон дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.
_______________________
*«Толибон» — ҳаракати террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо
АКС аз манбаъҳои боз








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






