Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд

Сентябрь 15, 2021 21:05

ДУШАНБЕ, 15.09.2021. /АМИТ » Ховар»/. 15 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф оварданд, мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқоти самимӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус ва мушкилоти минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот таъкид доштанд, ки мардумони Тоҷикистону Беларусро анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва эҳтироми якдигар ба ҳам мепайванданд ва бо шарофати талошҳои муштараки мо муносибатҳои ҳамкорӣ байни кишварҳо дар солҳои охир ба сатҳи сифатан нав баромад.

Ҷонибҳо зимни вохурӣ оид ба ҳолат ва дурнамои робитаҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, кишоварзӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҳамкории байни минтақаҳо, табодули андеша карданд.

Барои тавсеаи муносибатҳо фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ зарур шумурда шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар арсаи байналмилалӣ ба мушкилоти сиёсию низомии Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко 15.09.2021

Сентябрь 15, 2021 21:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Ҳамоиши Сарони давлатҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ҳан Сон Сук мулоқот намуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сеул дар назди маҷмааи ёдгории Оромгоҳи миллии Корея гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Сеул шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Корея
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ба анҷом расид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт