Нақшаи иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар Душанбе 100,4% иҷро гардид

Сентябрь 29, 2021 11:12

ДУШАНБЕ, 29.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Маъракаи иммунизатсия миёни сокинони  шаҳри Душанбе 100,4% иҷро гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

То ба ҳолати 27 сентябр дар ҳудуди Тоҷикистон дар асоси нақшаи пешбинишуда 2 миллиону 398 ҳазору 703 нафар (41,2%) шаҳрвандон ба ваксинатсия бар зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 1 миллиону 740 ҳазору  682 нафар шаҳрвандон гирифтаанд.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо сокинони мамлакат бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин бемориро гирифта истодаанд ва аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар, хоссатан дар самти сари вақт дастрас намудани ваксинаи зидди бемории коронавирус сипосгузории хешро иброз медоранд.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад.

Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд.

Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

АКС: маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Сентябрь 29, 2021 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид