Ғолибони бозиҳои аввали даври чорякфинали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 21.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бозиҳои аввали даври чорякфинали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 дар сатҳи баланд баргузор шуданд. Дастаи футзали «Пойтахт» бар дастаи футзали «Помир»-и шаҳри Хоруғ бо ҳисоби 6:4 ғалаба кард, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар ҳайати дастаи ғолиб Рамз Амрохонов се гол ба ҳадаф расонид. Дар бозии дигар дастаи футзали «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дастаи «Самандар»-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби калони 4:0 шикаст дод. Самандар Ризомов ду гол, Нусратшо Исмоилов ва Мирсаид Камолов якголӣ ба нишон расониданд.
Бозиҳои дуюми даври чорякфинал 25 сентябр дар толорҳои варзишии мамлакат баргузор мегарданд. Тибқи низомнома, чорякфинал аз силсилабозиҳо то 2 ғалабаи яке аз дастаҳо иборат аст. Ғолибони чорякфинал дар нимфинал бо дастаҳои футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе ва «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд вомехӯранд.
Нимфинал низ аз силсилабозиҳо то ду ғалабаи яке аз дастаҳо сурат мегирад. Сипас, ғолибони нимфинал дар финал, мағлубон барои ҷои сеюм вомехӯранд.
АКС аз ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад






