Пагоҳ дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе Иди ангур, каду, харбузаву тарбуз баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 04.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 5 сентябр бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе Иди ангур, каду, харбузаву тарбуз баргузор мегардад. Дар он кишоварзони мамлакат, ноҳияҳои атрофи шаҳр ва вилояти Суғду Хатлон иштирок ва маҳсулоти полезии худро ба намоишу фурӯш манзур менамоянд. Инчунин аз ҷониби кишоварзон дастархон бо анвои маҳсулоти полезӣ оро дода мешавад. Иди каду, ангур, харбуза ва тарбуз бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.
Ҳадаф аз баргузории иди мазкур тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши ангур, каду, харбуза, тарбуз ва аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон баҳра бурдан аст.
Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, соли равон дар баробари зиёд намудани майдони кишт истеҳсоли ангур ва маҳсулоти полезӣ — каду, харбуза ва тарбуз низ афзоиш ёфта, навъҳои гуногуни он парвариш гардидаанд.
Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии мамлакат, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ то 27 август ба миқдори 22 110 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст.
Кишоварзони вилояти Хатлон то имрӯз 13 584 тонна ангур, вилояти Суғд- 2148 тонна ангур ва НТҶ ба миқдори 6378 тонна ангур ҷамъоварӣ кардаанд.
Инчунин аз ҷониби кишоварзони мамлакат то санаи зикргардида дар 190 90,9 гектар кишти полизӣ гузаронида шуда, майдони 16530 гектари он ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 377 гектар зиёд мебошад. Дар мавсими имсола кишоварзони вилояти Суғд 68573 тонна, вилояти Хатлон 361572 тонна ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 5873 тонна полезӣ ҷамъоварӣ кардаанд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамоиши мазкур намоиш ва фурӯши навъҳои гуногуни каду, тарбуз, харбуза, ангур ва маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин намоиши хӯрокҳои аз ин маҳсулот омодашуда, гӯшаи тавсиядиҳии олимону мутахассисон, намоиши навъҳои дастовардҳои илмӣ, қисмати фарҳангӣ ва тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа дар назар аст.
Дар ин рӯз меҳмонону сокинон метавонанд навъҳои гуногуни каду, ангур, тарбузу харбузаро бо нархҳои дастрас харидорӣ намоянд.
Акс азбойгонии АМИТ «Ховар»








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






