Пешвои миллат: Баъди пурра ба кор даровардани НБО «Роғун» иқтидори энергетикии Тоҷикистон 60 фоиз афзуда, ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардем
ДУШАНБЕ, 08.09.2021 /АМИТ Ховар»/. Баъди пурра ба кор даровардани Неругоҳи барқи обии «Роғун» иқтидори энергетикии Тоҷикистон ба зиёда аз 9781 мегаватт мерасад, яъне 60 фоиз меафзояд ва мо ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардем. Ин нуктаро имрӯз зимни суханронӣ дар ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Пешвои миллат афзуданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи энергетикаи кишвар 34 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 57,2 миллиард сомонӣ татбиқ карда шуд. Ҳоло дар ин самт боз 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 16,4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.
Иншооти бузурги гидроэнергетикӣ, аз ҷумла неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», ду агрегати НБО «Роғун», марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, садҳо неругоҳи барқи обии хурд, хатти интиқоли барқи 500 – киловолтаи «Ҷануб – Шимол», дигар хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор ба истифода дода шуда, татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA – 1000 ва сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бомаром идома дорад.
Инчунин таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» ба маблағи умумии қариб 12 миллиард сомонӣ (беш аз як миллиард доллар) идома дорад, ки баъди анҷом ёфтани корҳо иқтидор ва муҳлати истифодаи онҳо хеле зиёд мегардад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ иқтидори энергетикии мамлакат тадриҷан зиёд гардида, аз 4044 мегаватти соли 1991-ум ба 6131 мегаватт дар соли 2020 расонида шуд.
Дар натиҷаи корҳои амалигардида низоми ягонаи энергетикии мамлакат ташаккул ёфта, маҳдудияти таъмини аҳолӣ бо барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бартараф гардид, ки ин низ аз дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Имрӯз Тоҷикистон дар арзёбии дастрасӣ ба қувваи барқ дар таҳлилҳои Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ ҷойи дуюмро ишғол намуда, аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашум кишвари пешсафи сайёра мебошад ва баъди пурра ба истифода додани Неругоҳи барқи обии «Роғун» боз ду зина боло рафта, мақоми чорумро ишғол менамояд.
Тоҷикистон дар беҳдошти вазъи экологии минтақа ва сайёра вобаста ба ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ яке аз ҷойҳои баландтаринро ишғол мекунад. Зеро 96 фоизи неруи барқ дар кишвари мо аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол мегардад.
Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/ АМИТ «Ховар»








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Бунафша Файзиддинзода: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ зани тоҷик ба неруи фаъоли рушди ҷомеа табдил ёфт»
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Нусратулло Давлатзода: «Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нодиртарин падидаи сиёсӣ ва сарнавиштсоз мебошад»
Ҳамкории ноҳияи Ёвони Тоҷикистон бо ноҳияи Уздаи Беларус тақвият меёбад
Дар Хатлон хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои гуногун бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ҷамъомади тантанавӣ таҷлил карда шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид






