Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд

Сентябрь 29, 2021 10:00

ДУШАНБЕ, 29.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо лоиҳаи Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим”, қитъаи алоҳида дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд.

Хотиррасон менамоем, ки Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2009 бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофии ноҳияи Ишкошим таъсис дода шудаст ва мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» аз 23 марти соли 2011 иҷозати таъсиси қитъаҳои алоҳидаи минтақаро дар дигар шаҳр ва ноҳия дорад.

Дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси қонунгузории амалкунандаи соҳа тасмим гирифта шуд, ки дар маҳаллаи “Тем”-и шаҳри Хоруғ қитъаи алоҳидаи Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” таъсис дода шавад.

Масоҳати умумии қитъаи барои Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” дар маҳаллаи “Тем” ҷудошуда 30 гектарро ташкил дода, дар он бунёди 24 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи мазкур, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки аз 24 корхонаи саноатие, ки дар ин минтақа бояд бунёд гардад, 6-тои он аллакай ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, дар Минтақаи озоди иқтисодӣ дар ояндаи наздик корхонаи истеҳсоли сангҳои сохтмонӣ ва ороишӣ бо 50 ҷойи нави корӣ, коргоҳи истеҳсоли кафкҳои пластикӣ бо 30 ҷойи корӣ, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гарминигоҳдоранда бо истифода аз технологияи сарфакунандаи энергия бо 20 ҷойи корӣ, ҳамчунин корхонаҳои истеҳсоли қубурҳои пластикӣ, коркарди мева ва коргоҳи истеҳсоли конструксияҳои металлӣ бунёд карда мешавад.

Маҷмӯан бо мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳҳои мазкур беш аз 1000 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.

Коргоҳи коркарди меваи хушк ба фаъолият оғоз намудааст, ки имконият дорад дар як шабонарӯз қариб 5 ҳазор килограмм маҳсулоти ширинӣ истеҳсол намояд. Корхона аз меваи маҳаллӣ 7 номгӯй шириниҳоро бе иловаи шакар ва химия омода карда истодааст. Ҳадафи асоси корхона илова ба истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ҳамзамон таъмин намудани сокинони маҳаллӣ бо ҷои корӣ доимӣ дониста мешавад. Ин аст, ки айни замон дар корхона 7 коргари маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Дар Минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” дар шаҳри Хоруғ Корхонаи истеҳсоли сангҳои сохтмонӣ ва ороишӣ бунёд мегардад. Ҳаҷми сармоягузорӣ зиёда аз 8,6 миллион сомониро ташкил дода, маҳсулоти истеҳсолшуда ба содирот ва таъмини бозори дохилӣ нигаронида шудааст. Дар натиҷаи амалисозии лоиҳаи мазкур бо назардошти мавсим 50 ҷои нави корӣ таъсис дода мешавад.

Корхонаи дигари бунёдшаванда коргоҳи истеҳсоли кафкҳои пластикӣ мебошад. Ҳаҷми сармоягузорӣ  1,2 миллон сомониро ташкил дода, дар натиҷаи амалишавии лоиҳаи мазкур 30 ҷои нави корӣ таъсис дода мешавад.

Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гарминигаҳдоранда аз технологияи сарфакунандаи энергия иборат буда, дар он зиёда аз 20 ҷои нави корӣ таъсис дода мешавад. Лоиҳаи мазкур ба маблағи 560 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ карда мешавад.

Дар натиҷаи амалишавии лоиҳаи Коргоҳи истеҳсоли қубурҳои пластикӣ ба маблағи 1,2 миллон сомонӣ, 7 ҷои нави корӣ таъсис дода мешавад. Маҳсулоти истеҳсоли қубурҳои пластикӣ ба содирот ва таъмини бозори дохилӣ нигаронида шудааст.

Корхонаи коркарди мева ба маблағи 5,1 миллион сомонӣ бунёд мешавад. Маҳсулоти истеҳсолгардида ба содирот ва таъмини бозори дохилӣ равона гардида, дар натиҷаи амалишавии он зиёда аз 10 ҷои нави корӣ таъсис дода мешавад.

Корхонаи истеҳсоли конструксияи металлӣ ба маблағи 5,2 миллон сомонӣ сармоягузорӣ шуда, дар натиҷаи амалишавии лоиҳаи мазкур 28 ҷои нави корӣ таъсис дода мешавад.

Корхонаи дигаре, ки ҳамин сол дар Минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим бунёд мешавад, ба коркарди сангҳои сохтмонӣ ва ороишӣ дар масоҳати 1,5 гектар равона карда шудааст. Иқтидори истеҳсолии маҳсулоти сохтмонии он дар як сол 20 ҳазору 440 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бо бунёди ин коргоҳ то 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гардида, содироти маҳсулоти он ба давлатҳои ҳамсоя ва таъмини бозорҳои дохилӣ нигаронида шудааст.

Афзалияти аз ҳама асосии бунёди қитъаи алоҳидаи иқтисодӣ ва бунёди корхонаҳо дар он бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар қаламрави ин вилояти кӯҳистони мамлакат ба ҳисоб меравад.

Бояд тазаккур дод, ки иқдоми Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дар маркази дурдасттарин минтақаи аҳолинишини ҷумҳурӣ — Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис додани қитъаи махсуси минтақаи озоди иқтисодӣ аз тадбирҳои муҳими татбиқи самараноки ҳадафи чоруми миллӣ — рушди босуръати саноатикунонии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар беҳтар гардондани вазъи иқтисодию саноатии вилоят ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он нақши муассир мегузорад.

Шиносоӣ бо лоиҳаи минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” дар шаҳри Хоруғ 29.09.2021

Сентябрь 29, 2021 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Балҷувон иншооти нави соҳаи маориф бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Дар Хуҷанд якчанд иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров варзишгоҳи бузург бо 7000 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд