Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд

Сентябрь 20, 2021 09:21

ДУШАНБЕ, 20.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.

Кишоварзони ноҳияи Сангвор сол аз сол дар заминаи иҷрои дастуру роҳнамоиҳои бевоситаи Пешвои миллат дар роҳи расидан ба ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро афзоиш медиҳанд.

Дар намоишгоҳ беҳтарин анвои кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва маҳсулоти ҳунарҳои кадбонуҳои гӯшаи дурдасти мамлакат ба таври густурда муаррифӣ карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати озоду самимӣ бо кадбонуҳои ноҳия, ки ба пӯхтани нонҳои лазиз машғул буданд, ҷиҳати омӯзиши ин ҳунар ба ҷавондухтарон ба онҳо маслиҳатҳои судманд доданд.

Дар ноҳияи Сангвор бо ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё ва рушду инкишофи ҳунару анъанаҳои қадимаи миллӣ тадбирҳои судманд амалӣ мегардад ва таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯзиши онҳо тайи солҳои охир дучанд шудааст.

Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Сангвор 20.09.2021

Сентябрь 20, 2021 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд