Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон толори варзиширо дар шаҳри Хоруғ мавриди истифода қарор доданд

Сентябрь 29, 2021 11:24

ДУШАНБЕ, 29.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон толори барҳавои варзиширо ифтитоҳ карданд.

Минбаъд наврасону ҷавонони маркази вилоят метавонанд дар ин ҷо ба машқу тамрин машғул шуда, малакаи варзишии худро баланд бардоранд.

Бунёду ба истифода додани толору майдончаҳои варзишӣ ва дар ин замина беҳтар намудани имконият барои машқи бадан имкон фароҳам овард, ки ҷавонон аз шароити замонавии соҳа баҳравар шаванд.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти афзалияти солимӣ барои ҷомеа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути бунёд намудани толору майдончаҳои варзишӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншоотро ба сокинон муборакбод гуфтанд.

Сарвари давлат ба сифати корҳо дар иншоот баҳои баланд дода, ҷавононро барои ҳарчи бештар ба варзиш рӯ овардан ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи толори варзишӣ дар шаҳри Хоруғ 29.09.2021

Сентябрь 29, 2021 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд