Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳҳои барқии 110- киловолтаи «Хоруғ» ва «Помир-1»-ро ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаи пайвастшавии шабакаҳои барқи вилоят бо ҷумҳурӣ ва сохтмони НБО «Себзор» шинос шуданд

Сентябрь 29, 2021 09:00

ДУШАНБЕ, 29.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти зеристгоҳҳои барқии «Хоруғ» ва «Помир-1» оғоз бахшиданд.

Зеристгоҳи барқии «Хоруғ» дар назди НБО-и Хоруғ дар масоҳати 4850 ва зеристгоҳи «Помир-1» дар деҳаи Танги ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 2615 метри мураббаъ бунёд карда шудаанд.

Шиддати зеристгоҳи барқии «Хоруғ» ва «Помир-1» 110 кВ буда, дар ҳар кадоми он ду трансформатор бо тавоноии 25 ҳазор кВт насб гардидааст.

Барои харидорӣ ва васлу насби таҷҳизоти навтарини соҳа дар зеристгоҳҳои «Хоруғ» ва «Помир-1», ки марҳилаи сеюми Лоиҳаи хусусии энергетикии Помирро дар бар мегирад, дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария ва қисман аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир Энерҷӣ» 1 млн. 967 ҳазор ва барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 393,4 ҳазор доллари америкоӣ ҷудо карда шудааст.

Лоиҳаи хусусии энергетикии Помир — марҳилаи III ба беҳтар намудани фаъолияти «Помир Энерҷӣ» ва баланд бардоштани самаранокӣ ҳамчун унсурҳои муҳими устувории дарозмуддат нигаронида шудааст. Лоиҳаи мазкур бо назардошти осебпазирии минтақа аз офатҳои табиӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим, инчунин беҳдошти самаранокии неруи барқ ва идоракунии марҳилаи авҷи сарбории шабакаҳо бо харҷи кам тарҳрезӣ шудааст.

Татбиқи лоиҳа аз моҳи декабри соли 2019 то моҳи декабри соли 2023 дар назар дошта шудааст, ки он тавоноии «Помир Энерҷӣ»-ро баланд мебардорад.

Васлу насби таҷҳизот ва сохтмони зеристгоҳҳоро бо фармоиши «Помир энерҷӣ» мутахассисони ширкатҳои ватании «Мадад», «Помир энергосервис» ва «Худоёрбек» анҷом додаанд. Таҷҳизоти васлу насбшуда дар зеристгоҳҳои нав аз ҷониби ширкатҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи олам истеҳсол гардида, барои солҳои зиёд кор карданашон кафолат дода мешавад.

Зеристгоҳҳо имконоти навро дар самти коҳиши минбаъдаи талафот, таъмини беҳтар ва боэътимоди неруи барқи тоза ​​ба шумораи бештари аҳолӣ, баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва афзоиш бахшидани иқтидори содиротии неруи барқ ​​фароҳам меоранд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки зерисгоҳҳои нав имкон медиҳанд талафоти неруи барқ ​​дар вақти сарбории шабакаҳои барқӣ ба миқдори 2,5 МВт барқарор гардида, интиқоли боэътимоди неруи барқ ​​ба минтақаҳои дорои талаботи афзоянда дар ҳудуди ВМКБ ва инчунин минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон таъмин карда шавад.

Иншоот дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври замонавӣ ва ҷавобгӯ ба меъёри соҳаи энергетика бунёд гардидаст.

Ба кор андохтани зеристгоҳҳо марҳилаи нав ва таърихии таъмини неруи барқ дар ВМКБ мебошад, зеро нахустин маротиба системаи энергетикии минтақа ба иқтидори 110 кВ мерасад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати татбиқи яке аз ҳадафҳои муҳими стратегӣ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ иқдомҳои бузурги созандагӣ пеш гирифта шуданд, ки дар доираи онҳо бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат неругоҳҳои хурду бузург ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёду навсозӣ гардиданд, ки сифати таъминоти неруи барқ ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар шуд.

Айни замон бунёди чунин зеристгоҳҳои барқии баландшиддат дар қаламрави вилоят хеле муҳим аст, зеро ҳоло сохтмони НБО-и «Себзор» оғоз гардидааст.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар НБО-и «Себзор» ва татбиқи барномаи пайвастшавии шабакаҳои барқи вилоят бо ҷумҳурӣ ба таври маҷозӣ шинос шуданд. НБО-и «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа ҷойгир буда, то имрӯз барои заминагузорӣ ба оғози корҳои сохтмонӣ чораҳои зарурӣ бо муваффақият анҷом дода шудаанд. Ҳоло кӯчонидани хонаҳои истиқоматии дар минтақаи сохтмонбуда ба дигар мавзеъ ва сохтмони бинои маъмурии иншоот пурра ба анҷом расонида шуда, тағйир додани маҷрои дарё ва корҳои заминӣ дар иншоот бомаром рафта истодааст.   Татбиқи Лоиҳаи бунёди ин иншооти гидроэнергетикӣ моҳи декабри соли 2020 оғоз гардидааст. Неругоҳ аз се агрегат иборат буда, иқтидори истеҳсолии он аз рӯи лоиҳа 11 мегаватт дар як шабонарӯз мебошад. Арзиши умумии лоиҳа 54 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. НБО-и “Себзор” дар доираи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат-расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини аҳолӣ бо неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза сохта шуда, он ба рушди иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ мебахшад.

Лоиҳаи пайвастшавии шабакаҳои барқи вилоят ба ҳалқаи ягонаи энергетикии мамлакат беш аз 90 фоиз иҷро гардидааст ва имрӯз васлу насби сутунпояҳои оҳанӣ ва кашидани хатҳои барқии баландшиддат дар масири пешбинишуда бо маром ҷараён дорад. Дарозии хати интиқоли барқи бунёдшаванда 24,3 километрро ташкил медиҳад ва барои амалӣ намудани лоиҳа 4,1 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Иншоот соли 2022 ба кор андохта мешавад ва дар ин замина мушкилоти аҳолии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дар самти дастрасӣ ба неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза бартараф хоҳад шуд.

Ифтитоҳи зеристгоҳҳои барқии 110 киловолтаи “Хоруғ” ва “Помир-1”, инчунин шиносоӣ бо лоиҳаи пайвастшавии шабакаҳои барқи вилоят бо ҷумҳурӣ ва сохтмони НБО “Себзор” 29.09.2021

Сентябрь 29, 2021 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД ба шаҳри Остона сафар намуданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар шаҳри Турсунзода барои бо оби полезӣ таъмин намудани хоҷагиҳо тозакунии каналу заҳбурҳо оғоз гардид
Дар деҳаи Корвони шаҳри Ваҳдат бинои нави муссисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Балҷувон иншооти нави соҳаи маориф бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Шаҳбоз Шариф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ