Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Сангвор ба истифода доданд
ДУШАНБЕ, 20.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангворро ба истифода доданд.
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи дастуру роҳнамоиҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи беҳтар намудани сифати кору фаъолият барои кормандон ва саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти Ватани азиз бунёд карда шудааст.
Масоҳати замини бинои навбунёд дар ноҳияи Сангвор 230 метри мураббаъро дар бар гирифта, худи иншоот дар майдони 90 метри мураббаъ бунёд гардидааст.
Бинои маъмурии ҳизб дар ноҳияи Сангвор аз ду ошёна иборат буда, дорои 4 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, толори баргузории мизҳои мудаввар, бойгонӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор барои гузаронидани ҳамоишу чорабиниҳои гуногун хеле мувофиқ аст.
Тамоми ҳуҷраҳои кории бинои маъмурӣ бо компютер, мизу курсӣ ва дигар шароити фаъолият таъмин мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки аксарияти кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангворро ҷавонон ташкил медиҳад ва онҳо аз технологияи замонавӣ ба хубӣ бархӯрдор мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот 24 июни соли 2019 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буд ва инак дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни бузурги миллӣ — 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд.
Дар бунёди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор саҳми соҳибкорони ватанӣ назаррас мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар бино ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани кору фаъолият, ҳифзи музаффариятҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва саҳмгузорӣ дар тадбирҳои созандагиву ободонии диёри азиз ба масъулон дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.









«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






